Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
рӯй мешустанд. Шодмон ҷомаи беқасабашро ба китф партофта бо Мадина, ки ба сар рӯймолаки ҳарири сабз баста буд, канори ҳавз меистод. Ӯ ба Мадина кадом як моҳичаи зеборо, ки онҳоро пирамард аз шаҳр овардааст, нишон медод, духтар завқ мебурд, механдид.
— Бачаам, Шодмон, ин тараф нигоҳ кун, — бобои Умархон ӯро чеғ зад.
— Салом бобо! — Мадинаю Шодмон ба ӯ рӯ оварданд.
— Бачам, мошинат нест-ку...
— Мошини ман?! — Шодмон ба қатори мошинҳо нигоҳ кард, мошинаш набуд. Ба сӯи роҳ давид. Тоқиаш ба шоҳи маҷнунбеде андармон шуд, мӯйҳои мушкрангаш ба болои абрувонаш хамиданд. Дигарон ҳам паси якдигар ба сари роҳи калон омаданд, ки он ҷо аллакай серодам буд. Атрофи Шодмонро давра гирифта буданд, вале гӯё касеро намедид. Ҳангу мадораш намонда буд. Солеҳ аз миёни одамон базӯр роҳ ёфта наздаш омада, «ака, тоқиатонро гиред», гуфт. Дар хусуси гум шудани мошини бабор ҳар кас ҳар чӣ мегуфт, тахминҳо беҳисоб буданд. Ин лаҳзаҳо як шофёри куҳансол, ки риши дарозу сап-сафедаш болои сандуқи синааш фуромада буд, ба Шодмон наздик омада рақами мошини ӯро пурсид. Шодмон аранге пичиррос зада ба суолаш ҷавоб гардонд.
— Ҳо он ҷо, дар гардиши санги Қабуд, — шофёри ришдароз ба роҳи омадааш ишора кард.
— Ягон ҳамроҳат шӯхӣ кардааст, — гуфтанд ҳозирон осудаҳолона ва пароканда шуданд. Ба чеҳраи Шодмон хун давид. Ӯ тоқиашро ба сар монда бо Мадинаю Сангин ҷониби гардиши Санги Кабуд равон шуд. Вале аз пешорӯ Солеҳ тохта омада гуфт, ки мошин дар бероҳа, дар даруни регу лой даромадааст, бораш нест.
Шодмон мадори по мондан надошт, пойҳояш чорӯбак шуда буданд.
Ҷанбараи руль миёни ангуштони Мадина печ мехӯрд, мошинашро моҳирона пеш меронд. Вай аз мошинҳои Раҳматуллои Миҷинг, Файзулло, Сангин ақиб мондани набуд. Гардиш паи гардиш, кӯтал паи кӯтал ақиб мемонд. Бо роҳи андаке ҳамвору бехавф даромаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё