Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

себаргаҳо ғел мехӯрд. Ӯ назди чинор омада пеши хоначааш, ки тана ба кундаи ғафси он сохта шуда буд, истод. Тешаро гирифта ҳезум шикаст, параҳаҳоро ба оташхонаи самовор ҷой карда, оташ даргиронд.

Роҳи мумфарши мошингард, ки қад-қади дарё чун як шоҳоби он аз танаи кӯҳ поён мефуромад, ҳанӯз холӣ буд. Мошинҳои меҳмонони бобои Умархон дар канори роҳ, поёнтар аз чойхона истода буданд. Аз он сӯи роҳ Солеҳ намоён шуд. Ӯ аз чашмаи таги сада дар ду сатил об гирифта меомад. Солеҳ аз роҳ гузашта сатилҳоро ба замин монд ва ба мошинҳо дурудароз назар андохт.

— Бобо! Бобо!! — ногоҳ овози ҷарангосии Солеҳ то ба дуриҳо ғул-ғула андохт, аз оғӯши қуллаҳои кӯҳ акси садояш меомад. Пирамард ба таҳлука афтод. «Ба Солеҳҷон чӣ шуд?! Чӣ воқеа рӯй дод?!» Бобои Умархон тешаро болои ғарами ҳезум ҳаво дода, асояшро бардошт.

Пирамард аз теппача, ки чойхона дар ҳамин ҷои сердарахт ҷойгир буд, поён фуромад.

— Бобо, медонед чӣ, бобо?! — Солеҳ аз ҳаяҷону изтироб дигар сухане гуфта наметавонист.

— Чӣ гап, бачам?!

— Як мошин нест, бобо, ана бинед, ҳисоб кунед.— Солеҳ қариб гиря карда рӯ ба қатори мошинҳо овард. Бобои Умархон бо наберааш мошинҳоро ҳисоб кард. Ҷои як мошин холӣ. «Наход ягон гап шуда бошад?..» Шофёрҳо ҳамеша мошинҳояшонро бо бору бунаш дар назди чойхонаи ӯ мегузоранд, бепарво, осуда хоб мераванд. Дуруст аст, ки бобои Умархон оламу ҳаводис гӯён гоҳ-гоҳ онҳоро аз назар мегузаронд. Имшаб ҳам чанд бор аз онҳо хабар гирифт. Ҳамаш дар ҷояш буд. Лекин ҳоло як мошин бо бораш нест. Ё соҳибаш шаб роҳӣ шуда бошад? О, ин мошини Шодмон-ку! Вай ҳеҷ гоҳ бо ӯ хайрухуш нагуфта намеравад. Мадина ва ҳамаи ҳамроҳонаш ҳамин ҷоанд. Боварии пирамард намеомад, ки мошин гум шавад. Ба сари ин бача дар база рӯзи сахт оварда буданд! Боз ана, мошинаш гум шудааст.

— Бобо, акнун чӣ кор мекунем? — пурсид Солеҳ.

Пирамард дам назад. Онҳо пасопеш аз пайраҳае, ки ду канори он пур аз гулҳои қоку ва гандумак буданд, боло шуданд. Акнун чойхона серодам, пургулгула буд. Ду-се нафар дар лаби ҷӯй амонат нишаста, дасту

пешина
аз 399
навбатӣ