Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

пурбарфи кӯҳҳо афтода, баъд болои деҳа мефуроянд, саҳни чойхона гармакак, серодам мешавад. Аксар меҳмонҳои ӯ сафари роҳи дур доранд. Аз Помир ба Душанбе, аз Душанбе ба Помир мераванд. Онҳо чой нӯшида дам мегиранд, сипас ба бобои Умархон «ташаккур, амак», мегуянду боз рӯ ба роҳ меоранд. Баъзеашон шиносҳои худи ӯ. Як вақте дар базаи мошинҳои «Селхозтехника» кор карда буданд. Онҳоро дида аз шодӣ ҷои шинондан намеёбад. Солҳое, ки ҳамроҳашон буд, ба хотираш меоянд. Солҳои баъди ҷанг. Аз ҷанг баргашта ба ҳамин база омад, ки дар соҳили Кофарниҳон, дар ҷои сангистон бунёд меёфт. Посбон шуд... Аввалин биноҳо сохта шуданд, аввалин мошинҳо пайдо шуданд, шофёрҳо омаданд... Ҳамаи ин хотираҳо барои бобои Умархон гувороанд. Вақте, ки вай ҳамкорони деринаашро бинад, ҳолу аҳволи ронандаҳои база, ҳатто сағи пираш Зардакро ҳам, ки он ҷо монда омад, мепурсад, гап зада-гап зада таскин меёбад. Имшаб ҳам аз база меҳмон буд. Онҳоро ҳам мешиносад. Якеаш котиби комсомол Мадина, Шодмон, рафиқи ӯ Сангин, боз як каси дигар. Шодмону Мадинаро нағзтар медонад. Фарзандонаш барин дар ҳар кор аз бобои Умархон маслаҳат мепурсиданд. Ҳамаашон Помир рафтаниянд, сафарашон бехатар бахайр...

Бобои Умархон оҳиста, барои он ки аз ғиҷирроси тахтаҳои кат меҳмонҳояш нороҳат нашаванд, тарафи чойхоби Солеҳ тоб хӯрд, ӯ ҷомаашро ба сар печонда, фих-фих нафас мекашид. Вай набераи аз ҳама хурди бобои Умархон аст. Дигар набераҳояш аллакай соҳиби дову дастгоҳанд. Солеҳ ҳам орзу дорад, ки шаҳр рафта хонад, «инженери роҳ мешавам» мегӯяд. Бобо лаби ҷомаҷаро аз болои Солеҳ бардошт. Рӯяш чун кулчаи ширмол дилкаш буд. Ӯ зери лаб ғур-ғур карда лаби ҷомаҷаро боз ба сар кашид.

— Солеҳ, хез, ҷони бобо, — пирамард сари набераашро ҷунбонда, ҷомаро аз болои ӯ гирифт. Солеҳ бедор шуда бо пушти даст чашмонашро молид.

— Бачам, дар хоб мондем, дер шуд, зуд бош. — Бобои Умархон ҳам шуда лаби катро дошта фуромад, асояшро, ки ба таги кат афтода будааст, кофта ёфт. Лангон-лангон (пагоҳиҳо баъди аз хоб хестан то дергоҳ пойҳояш дард мекарданд), асо зада ба лаби ҷӯйчае, ки аз болои сангҳо ба поён мешорид, рафт, дасту рӯй шуста ақиб гашт. Дар поёнтар оби ҷӯй аз рӯи сабзаю

пешина
аз 399
навбатӣ