Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ШАБЕ ДАР КАБУДҶАР
Бобои Умархон аз хоб бедор шуда, ба хониши гунҷишкакон ва шилдирроси оби ҷӯйчаҳое, ки аз зеҳи сангҳои калон-калони кӯҳ ҷорӣ буданд, гӯш дод. Дар лабонаш табассум дамид. Охир ӯ боз ба деҳааш баргашт. Ба ҷои садои мошинҳо акнун шилдир-шилдири оби ҷӯйчаҳо, нағмаи паррандаҳоро мешунавад, ҷои бӯи дуду бензин, бӯи гиёҳҳои кӯҳӣ ва гул ба машомаш меояд. Ва хуб шуд, ки гапи фарзандонашро нагирифт. Агар ба гапи онҳо медаромад... Пир шуда ба нафақа, ки баромадааст, бояд роҳат бинад, дар хона нишинад. Не, бачаҳои азиз, падари шумо ҳоло чӣ кор карданашро медонад, ба вай ақл ёд надиҳед, аз одамон дур шуда наметавонад, вай бо онҳо зинда аст. Барои ҳамин ӯ худро ба сад идора заду дар ин гӯшаи деҳа, дар сари роҳи мошингард чойхона кушод. Ганда кард? Сад кас дам мегирад, чой менӯшад. Аллакай овозаи чойхонаи бобои Умархон ба куҷоҳое нарафтааст! Ҳамеша сермеҳмон. Ана ҳоло ҳам меҳмон дорад. Ҳо ана онҳо дар катҳои рӯ ба рӯи вай осуда хобанд, бигузор роҳат кунанд... Пирамард бо нӯги ангуштони дароз-дарозаш кӯрпаро аз болояш фуроварда, рӯи ҷойгах нишаст. Осмон ба назараш чун лаълие тофт, ки тамоми шаб пурситора буду баъд ягон-ягон ситораҳо ба сари оламиён пошида шуданд. Таги лаълӣ акнун намоён буд — каб-кабуди назаррабо, охирин ситораҳо гӯё аз он ба замин мерехтанд, саҳар мешуд. Насими субҳгоҳӣ шоҳу навдаҳои дар болои ҳавз хамидаи маҷнунбедҳоро сабук-сабук алвонҷ медод, сару рӯи пирамардро сила мекард. Дар паҳлуи ӯ наберааш Солеҳҷон масти хоб. Пирамард ҳоло вайро бедор мекунад. Солеҳҷон аз чашма панҷ-шаш сатил об меораду самоворро пур карда ба тагаш оташ меафрӯзанд. Баъд саҳни чойхона, таги дарахтҳоро мерӯбанд. Ин дам офтоб ҳам рух менамояд, нурҳои он аввал ба қуллаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё