Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дода будааст, гуфтааст, ки падари Меҳрубонро занад, дигар қишлоқ омадан намонад.
— Наход?! — Ба ҳарос афтод Мушарраф.
— Дина бадбахти Шоҳназар вай бечора — додои Меҳрубонро дар пеши магазин дошт... Худам дидам.
Қиёмат андохт, рӯ-рӯи замин, ба даруни хоку лой кашид ӯро. Бо лағат, бо мушт мезад, дигар нигоҳ карда натавонистам. Сару фукаш ғарқи хун, одамон вайро дошта натавонистанд, ба ҳеҷ кас гардан надод. Сару танаш лублуч, ҷавонахук барин ҳарсос мезад, ваҳшӣ буд ӯ. — «Агар боз як бори дигар дар ҳамин қишлоқ пайдо шавӣ, саратро мегирам, мекушам!» наъра мезад. Бо азоб одамон вайро доштанд. Нозимӣ ба по истода натавонист. Меҳрубон аз куҷое омад. Аз зери бағали падараш гирифт. Чашм нарасад, гирогири падараш. Гуфтам-ку ин бачаи ту, — таъкид намуд холааш ба Мушарраф, — ин бачаи ту аз синну солаш калон метобад, шудани. Ба рӯи Шоҳназар як теғ кашида назар андохту лаб накушод, падарашро ба автобус даровард, ба паҳлуяш нишаст. Ана ҳамин тавр, ҷони хола, бачаат рафт, падараш қатӣ рафт. Шунидӣ ба ту чӣ гуфтам? — пурсид аз Мушарраф холааш.
— Ҳа, — Мушарраф мадори ба ҷониби хонаи падар по мондан надошт. Аз роҳаш гашт ӯ, рӯ ба Сиёҳдона овард модар. Акнун фаҳмид, ки шавҳараш барои чӣ «Гули Хайрӣ рав, агар хоҳӣ, ҳар рӯз рав», гуфта будааст. Дилаш аз хонаи падар, аз Гули Хайрӣ монд.
Дигар майли ба деҳаашон омадан надошт, бо дидаи гирён, қалби ҳазорпора ба Сиёҳдона, ба назди тифлонаш равон шуд...

пешина
аз 399
навбатӣ