Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

Баъд... Мушарраф аз холаш гапҳое шунид, ки таркҳои сараш кушода монданд. Ҳайрон шуд. Вай дар чӣ андешаю чӣ ҳодисаҳо рух доданд. Вай аблаҳ, нофаҳм, санги мазор. Аз хаёлҳои беҷо дар ҳаққи додараш Шоҳназар ҳиҷолат кашид, шарм дошт. Шоҳназар ба ҷои ғами ӯро хӯрдан гӯрашро кандааст, ба ҷигараш корд задааст, ба хоки замин яксон намудааст. Барои чӣ ба шавҳараш писанд будани ин касофат ба ӯ маълум гашт. Гап дар дигар ҷо будааст, маслиҳат карда буданд. Аммо Мушаррафи содда аз ӯ миннадор... Ташаккур мегӯяд ба ӯ.

Лаби чашма меистод, гӯё шах шуда буд Мушарраф. Суханҳои холаш дар гӯшаш садо медоданд.

— Шоҳназар Меҳрубонро ферма бурда як ҳафта намонд, ки қишлоқ биояд. Бача қариб девона шуд. Вале ба вай мегуфтааст: «Чиян ба кадом рӯз ба тағо лозим? Барои ана ҳамин хел мавридҳо, хизмат кун, ёрӣ расон, фарзанди ту ба ман, бегона не, фарзанд!» Ин гапҳоро шунида холаш мегӯяд: «Худо занад ин шайтона, кӯрнамак, бачаи бечорара алдаю сулда карда гаштааст...» — Аз ҳамин соддагии Меҳрубони ту ҳам қаҳрам омад, — муроҷиат кард ба Мушарраф холаш. — Гапашро мегирифт, чӣ хизмате фармаяд, «хуб, тағо», калимаи «не»-ро намедонад... Чӣ хел калон кардӣ вайро ту? Гӯсфанд барин. Сарпаст, ҳамсолҳои вайро кор фармуда намешавад... Лекин Меҳрубони ту, духтарам, — дар ҳаққи писаракаш таҳсин мехонд холаш, — чашм нарасад, бӯзбалаҳои калон барир кор мекунад, як рӯзгорро соҳиб шуда метавонад, боакл. Ба таги дасти Шоҳназари бадбахт даромад, қаноташ шуд. Бачаҳои худаш гапи вайро намегиранд, ба ягон кораш даст намезананд, ду барзангиаш дар кӯчаҳо дастҳо дар киса ҳет-ҳет мегарданд, ба онҳо гап зада наметавонад, чашми бачаҳаки туро бошад, тарсонда гирифт, «ха», гӯяд дастҳо пеши бар аз ҷояш парида мехезад...

— Худо занадаш... — Оби дидагонаш болои рухсораҳои Мушарраф фаромаданд.

Холаш ҳикояташро давом кард.

— Мушаррафҷон, боз як хабари дигар шунидам, овози холаш паст шуда пичир-пичир кард: — гӯшам бод ёфт, ки... ба атроф назар андохт, гӯшам бод ёфт, ки... — такрор намуд... — Шавҳарат ба Шоҳназар пул

пешина
аз 399
навбатӣ