Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
чанде сокит мондан ба сухан омад: — Ту беҳуда аз Шоҳназар меранҷӣ, ғами туро ҳамин одам меҳӯрад. Аз ман хоҳиш кард, ки туро ҷавоб диҳам, гиламанд шуд. Ба хотири Шоҳназар ҷавоб медиҳам. Хонатон рав, кадом вақте хоҳӣ акнун рафтан гир. Ҳар рӯз рав, ман туро дигар аз роҳ намегардонам, ихтиёрат, — Абдушукур хотири Мушаррафро шод гардонд.
Ҳоло вай сӯи Гули Хайрӣ равон, аз зери дӯлонаи сари кӯтал хеста рӯ ба нишеб овардааст, паррандаи аз қафас озод гашта барин. Писаракаш — ҷону ҷигараш- ро мебинад, ӯ ҳам модарро пазмон, интизор... Тезтар роҳ мерафт модар, медавид. Дар хаёлаш Шоҳназар. Ганда ҳам бошад ӯ, гандаи худашон, додараш-ворис, сарпарасташ. Як кас Мушаррафро озор диҳад, ран- ҷонад, чашмаш сиҳ мезанад, устухонҳояш тафс ме- кунад. Дидааст, ки чанд гоҳе апааш гум, паяш кан- да, ӯро боз суроғ кардааст. «Куҷо гуму гӯр шуда рафт ин Мушарраф» гуфтааст. Мегӯянд-ку «ҷанги хешон абри баҳорон», мегузарад, ҳаво зуд софу бе- ғубор мегардад. Баъд... Баъд ин хунгирифтаи бад- бахт, ҷангараи шӯрапушт гоҳе аз ин мардаки вай ӯ- ро пурсад, ба хотираш биорад, нағз, чашмаш ибо ме- кунад, метарсад. Абдушукур донад, ки вай бесоҳиб нест, ана ҳамин хел ворисдараки авбош, одамкуш дорад ӯ... Ба ҳавлиашон, ки даромад, бо Шоҳназар салом мегӯяд, ҳазор ташаккур, сараму қадамҳоят ме- гӯяд, кина гирифта намегардад... Худиҳо қаҳрӣ бо- шанд, меҳри бегонаҳо меравад, механданд, ихлоса- шон мегардад.
Ба ҳавлиашон нарасида дар роҳ бо холаш во- хӯрд. Ӯ лаби чашма нишаста ба сатилҳояш об ме- гирифт.
— Ассалом холаҷон, — бастаи дасташро, ки ба- рои Меҳрубонаш дар он гӯшту нон ва якчи-нимчии худ нахӯрдаю барои ӯ пинҳон намудаашро гирифта буд, аз даст гузошт.
— Куҷо меравӣ? — пурсид холаш.
— Хонаамон, Меҳрубонро чанд вақт боз надидам, омада натавонистам, — аз алам дар чашмони Му- шарраф ашк ҳалқа хӯрд.
— Меҳрубон рафт, — холааш хабари нохуш расонд.
— Рафт? Куҷо рафт?!
— Падараш қатӣ рафт...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё