Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

сар. Худи Абдушукур бошад, ҳар рӯз ба Гули Хайрӣ рафта меояд. Хонаи кӣ меравад? Чӣ кор дорад ӯ он ҷо? Мушарраф намедонад. Аҳволи Меҳрубонро аз ӯ пурси- дан мехоҳад... Забонаш камравсад, худо занад ӯро, қо- шу қавокҳои овезонаш дар гӯр... Рӯзи Мушарраф беҳ нагашт. Ғаму алам дид. Ҷанҷол аз паси ҷанҷол пеш меомад. Ҷонаш ба лаб. Ба мӯйҳои сараш сафеди фаро- мада, бемаҳал пир шудааст. Ба оина бингарад, таъбаш хира мегардад. Дина дар сари кор (бехи токҳоро по- бел мекарданд) — як-ду зан ба вай ҳамин тавр гуф- танд.

— Дугона мегӯям, аз афташ, ҳамин Абдушукур талх- хона аст. Ҳама вақт хафа, бедимоғӣ... Хандаатро на- дидем. Ҳамон зани пешинааш ҳам сил шуда мурда буд, — дили якеи онҳо ба ӯ сӯхт, ғами вайро мехӯрданд занҳо. Вай ҷавоб нагуфт. Нагуфт, ки ғами вай кӯҳна аст, як бор ки дар зиндагӣ бинои умр бебақо шавад, хонавайрон гаштӣ, тамом. Хусусан агар зан фарзанд дошта бошад, бе думча набошад. Ғами ҳамин фарзан- донаш кофӣ, ки як умр бисӯзад, дигар рӯз набинад. Ҳамин тавр дугонаҳояш, одамони муҳибу меҳрубон. Замоне вай ҳам рӯзи рӯшноӣ дида буд, фарзандонаш сари дастархони падар буданд, ҳама сарҷамъ, ғам на- доштаанд. Меҳрубон аз оғӯши падар дур набуд, Шох- назар бо дангал ба сари ӯ намедавид... Рӯзҳои шодмонии аҳли хонадон буданд он рӯзҳо. Мушарраф аз баҳташ болида як мегуфту ҳазор механдид. Ин тинҷӣ, осуда- гиашон барҳам хӯрд, оилаи сарҷамъ ҷудою фидо шу- да рафт. Ба ҳамааш Нозими гунаҳкор. Ба рӯзгори ҳа- маашон ӯ соя андохт, имрӯз ҳам Мушарраф аз Нозимӣ зарар мебинад. Рӯзгор, зиндагии андаке ширингашта- ашро боз талх кард... Вай ба Гули Хайрӣ меомадааст, аз наздик будани ӯ айши вай заҳр... Аз дидори Меҳру- бон модарро маҳрум кард. Боз месӯзонад, хокистар мекунад ӯро ин мард!

Аз аҳли хонадони Мушаррафино фақат Шоҳназар ба шавҳари ӯ маъқул, вайро гоҳе ӯ дар пеши Мушарраф таъриф мекунад. Мегӯяд, ки аз зоти онҳо ҳамин як Шоҳназар ӯҳдабаро, нонашро соҳиб.

Шавҳараш аз Гули Хайрӣ омад, аз деҳае, ки фар- зандаш он ҷост, Мушарраф аз ӯ оё ҳамон касофати Шоҳназарро пурсад, пурсад, ки Шоҳназарро надидааст.

— Дидам, ба Гули Хайрӣ рафта вайро нодида ки- ро ҳам мебинам, — гуфт бо фахр шавҳараш ва пас аз

пешина
аз 399
навбатӣ