Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Додои Ҳиҷрон!
— Бас кун, акнун фаҳмидам, ки барои чӣ ҳар рӯз Гули Хайрӣ меравӣ. Фаҳмидам, ки барои чӣ вай дар набуданам хонаам омад. Рост будааст.
— Чӣ рост будааст, мардак? Монед, ба як ғаму алами худам мурам, туҳмат назанед, инсоф кунед, инсоф!
— Дигар то худам ҷавоб надиҳам, нагӯям, ки Гули Хайрӣ рав, поятро аз ин ҷо ба онҷо намемонӣ, аз хона намебароӣ.
— Ман пеши бачаам меравам, вайро хабар мегирам...
— Баҳона, дурӯғ! Пеши вай меравӣ, вайро мебинӣ, хумораш мегирад.
— Ман вайро надидаам.
— Ман аз куштани одам рӯ намегардонам, сари одамро ба мисли гову гӯсфандҳое, ки ҳар рӯз даҳтоашро аз дами теғ мегузаронам, аз танаш ҷудо мекунам, мекушам! Ҳаром мурдан нахоҳӣ, дигар аз ман напурсида Гули Хайрӣ намеравӣ... тамоми! — Дари хонаро аз дарун занҷир андохта буд Абдушукур, чашмонаш дар косахонаи сар бозӣ доштанд, вай шӯхӣ намекард...
... Рӯзҳоро ҳисоб мекард Мушарраф. Ду ҳафта гузашт, Гули Хайрӣ нарафта буд. Меҳрубон дар чӣ ҳол буд? Намедонист. Аз Гули Хайрӣ ҳам касе хабаргириаш намеомад. Гӯё кабки ба ҷел афтидае буд, Абдушукур сайёде, бераҳм, беинсоф, ҷоҳил!... Чӣ чорае ҷӯяд? Ӯро гузораду дасти кӯдаконашро гирифта аз хонаи ӯ барояд? Аз Абдушукур ду фарзанд дорад, бо Меҳрубону Мижгон чор нафар. Бо чор сағера дар куҷо рӯз мебинад? Агар ҳамин тавр кунад, ба табъи дили янғаҳояш. Вақте бо Шоҳназар ҷанг кард, ба сараш ғурбат намуд, ки чаро ҷигаргӯшаи вайро задааст, зани ӯ ба миён даромад. «Дар рӯи хонаам доду мағал набардор, дуои бад накун, ба бачаат ҳеҷ бало намешавад, ҳар рӯз ту як шӯ мекунӣ, ҳаромию ҳалолиҳои ту бисёр... Ту шӯҷалоб, бачаҳои ин шӯи наватро ҳам гирифта мебинӣ, бори мо мешаванд, дарди сар... Агар намурдам, мебинам, ба худо, ки мебинам, ту бо саг соз намегирӣ, бахили сиёҳдарунӣ».— Ӯ вайро таъна зад. Агар ӯ боз сабукӣ кунаду аз гапи ин мард барояд, рӯзаш бадтар мешавад. Кӯдакони ӯро куҷо барад? Бо онҳо чӣ мекунад? Сағерабонӣ осон не, дарди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё