Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

дорам, сагера? Ту рост мегӯӣ, ки нарафтӣ? Ман бо умеди ту будам, маро барои ин аз кор пеш мекунанд, сагера! Ман акнун туро мекушам, нобуд мекунам! Шохназар бо говрони дасташ Меҳрубонро задааст, ҷигарбанди модарро қариб куштааст.

Ана ҳамин хел рӯз дорад Меҳрубон дар хонаи бобо, чӣ хеле мегӯянд, як таёқ дар сари сагу як таёқ дар сари ӯ... Бо вуҷуди ин бо вай ба Сиёҳдона, хонаи модар намеояд, падар аз ӯ хоҳиш карда будааст.

Ҳамон шаби зимистон, вақте ки аз Гули Хайрӣ Мушарраф ба хона омад, шавҳараш аз сари гову молҳояш баргашта будааст.

— Куҷо будӣ? — Пурсид Абдушукур аз ӯ.

— Аз пеши Меҳрубон омадам.

— Занаки девона, ҳамин рӯз рӯзе буд, ки Гули Хайрӣ равӣ, мардҳои мард аз хона берун намешаванд, дар роҳу рӯягон фалокат нашавӣ. Чӣ гап аст? Ту калон дорӣ? Туро аз ин роҳат намегардонанд? — Абдушукур оташин шуда буд.

— Шумо мастед, мардак, маст, — гирья кард модар. — Ҳоли маро намедонед. Ман аз хурсандии шабу нимишаб, дар ин хунукиҳо ба Гули Хайрӣ рафта меоям... Худоё, ман мемурдам, аз азоб халос мешудам, шуморо ҳам ба азоб намемондам...

— Ман аҳмақ ҳастам, занак, аҳмақ, ба ту бовар мекунам, филик-филик гирьяи туро дида раҳмам меояд, дилам месӯзад... Ҳамин рӯзҳо ту куҷо рафта меоӣ?

— Бачаамро хабар мегирам, мардак, бачаамро, рӯзаш сиёҳ аст, Худо маро кушод, ки дигар азоби вайро набинам, кӯр шавам...

— Мешунавам, падараш ҳам қишлоқ неомадааст,— Абдушукур ба ҷойи раҳми ӯро хӯрдан аз шавҳараш — додои Меҳрубон сухан ба миён овард. Маст неомадааст, худат ҳам дида будай... Мани аҳмақ ҳам туро ҷавоб медиҳам, аз пагоҳ то шом гум мешавӣ, куҷо буданатро намепурсам...

— Не, додош ман вайро надидаам, ман дар ғами бачаҳаки худам ҳастам, гуфтам-ку рӯз надорад... Азобаш зӯр, дигар наметавонам, нахоҳед, меравам, бачаамро соҳиб мешавам, ҷой меёбам...

— Меравӣ?

... Ҷавоб нагуфт Мушарраф, фақат барои тасдиқ
сар ҷунбонд.

— Ё бо вай боз гап додӣ?

пешина
аз 399
навбатӣ