Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
давидани Шоҳназарро медид. Чашмонашро пӯшид.
— Биё, бачам, хонаи худам меравем, дигар ин ҷо наист, рӯз намебинӣ. Бе ту ман дигар зиндагӣ намекунам, — модар аз дасти писаракаш гирифт. — Дар пеши худам бошӣ, хушам кашол намешавад, банди ҷигарам об шуд, Меҳрубонҷон, як поям дар Сиёҳдона, пои дигарам дар Гули Хайрӣ. Кадом рӯз, бачам, аз рӯи ту мана дар ҳамин роҳ гургҳо хӯрда мераванд, — назари модар ба осмон шуд, ҳаво тиратар гашта, барф меомад... Роҳи ӯ боз ба ҷониби Сиёҳдона, аз ҳавлӣ берун нашуда аз хунукӣ меларзид модар... Дар пеш роҳи дарозе.
Мушарраф бо дили шикаста, хотири парешон, ҳангоме ки заб шуда, мардум дар хонаҳо, назди оташдонҳои гарм ҷой гирифта роҳат мекарданд, ба Сиёҳдона баргашт. Меҳрубон бо ӯ наомад, бо умеде, ки падарро мебинад. Барои ӯ шуда дуздӣ кардааст бачааш. Аз Мушарраф ҳам вақтҳои охир вай пул мехоҳад: як сӯмду сӯм ё тангае... Ранги писаракак зард, гарданаш қаҷ.
Аз модаркалонаш ҳам гоҳи хаткашон пули нафақаи ӯро овардан «дафтар надорам, бибӣ, қалам ё китоб мехарам» гуфта пул металабидааст... Бо ҳамин азиятҳо як сӯм-ним сӯм ғун карда ба падар медодааст. Ӯ бо ин пулҳо аз мағозаи деҳа арақ мехаридааст, менӯшидааст, дар пеши назари ҳама, дар пеши назари Меҳрубон... «Пул ёб бачам, пул, маро хурсанд кун...» хоҳиш мекардаасту мерафтааст...
Як ду ҳафта пештар аз ин воқеа ҳам Шоҳназар Меҳрубонро ба зери лат кашида буд.
Ферма аз деҳа дур... Ӯ Меҳрубонро ҳам ба ферма мебурд. Ду бор Мушарраф ба хабаргирии бачааш омада ӯро наёфта ба Сиёҳдона баргашта буд. Гуфтанд, ки бо Шоҳназар ферма рафтааст. Баъзан вай кори вазнинашро ба дӯши бача монда ду-се рӯз гум мешудааст.
— Ферма рав, имрӯзу пагоҳ ба ҷони чун ман ист, ҳамроҳи бобои Мир ба говҳо коху алаф медиҳӣ, оғилҳоро мерӯбӣ... — Фармуда будааст он рӯз ба ӯ. Инро гуфтаасту баромада рафтааст аз ҳавлӣ Шоҳназар. Меҳрубон гапи ӯро нагирифтааст.
— Ферма нарафта будӣ? — рӯзи дигар Шоҳназар
хона омада Меҳрубонро дидааст.
— Имтиҳон доштам.
— Дар имтиҳонот!... Ман ба имтиҳони ту чӣ кор

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё