Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Аз Шоҳназару занаш домангир шудам. — Ёбед вайро, кобед! — Нола кардам.
Дар ин мобайн ба хотири Шоҳназар пулҳояш расид. Бисту панҷ сӯмаш набудааст. Вай пул мекофт. Меҳрубон гум, пули тағояш гум...
— Меҳрубон дуздида будааст? — Мушарраф тоқат карда натавониста ба миёни нақли модар гап андохт.
— Сабр кун, бачам, ҳозир ҳамаашро мегӯям, — модар ба баёни давоми воқеа сар кард, Меҳрубонро мекофтем, кӯча ба кӯча, хона ба хона гашта вайро мепурсидем. Вайро дар истгоҳи автобус ҳамроҳи падараш...дида будаанд... Баъд худаш дар ҳавлӣ пайдо шуд.
— Меҳрубонҷон, куҷо будӣ? Талҳакаф шудем, туро кофтем, — пурсидам аз вай. Ҷавоб надод, сараш хам.
— Додоят рафт?
— Ҳа, — сар ҷунбонд.
— Пулҳои мана куҷо кардӣ? — Шоҳназар ба сараш зарба зад.
— Ист, бачама натарсон, — Шоҳназарро кашидам.
— Дузд! Дасти дуздӣ задӣ?! Медонӣ ман барои ин пул чӣ қадар ҷон кандам? Шабҳо то рӯз аз паси гову мол мегардам, аз хонаам дур, аз пеши бачаҳом дур, ту бошӣ пулҳои моҳонаи мана медузди. Канӣ? Куҷо мондӣ пулҳои мана? — Шоҳназари бадбахт тез шуд.
— Бачам, гирифта бошӣ, пулҳояшро те, — насиҳат кардам.
— Ё ба падарат додӣ?
— Ҳа, — гунаҳкорона сар ҷунбонд Меҳрубон.
— Барои кӯдакҳоям сарулибос хариданӣ будам, акнун чӣ мекунам?
— Аз хонаи ман ҳам ҳафтаи гузашта панҷ сӯм гум шуда буд, — зани Абдувалӣ ҳам даъво кард.
— Ту кирми дандон, дузди хонадон! Бар падарат лаънат, бар падари падарат... — Дар гӯри отаат... — Даҳони Шоҳназари девона гарм шуд. Аз роҳаш гардонда натавонистам... Аз пешаш як чӯбро бардошт. Ана баъд аз сари Меҳрубон хун сар зад! Намад сӯхтам, қанд кӯфта пошидам, хун манъ намешуд... — Мегуфт модар...
Мушарраф дигар ба чӣ ҳарфу сухан гуфтани ӯ эътибор надод... Бо дангале ба сари писаракаш — ҷигарбандаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё