Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Ману Асрор қаҳрием, ҷанҷоламон кӯҳна.
— Асрор ба шумо чӣ хусумат дорад? — Саид Аброров ба хаёл рафт.
— Агар аз бобои Умархон пурсем-чӣ?
— Ихтиёратон.
— Аз Мадина пурсем?
— Вай ҳаққи гапро мегӯяд.
Қапитан хомӯш шуд. Тахмин кард, ки дуздидани бори мошин нақшаи як кас нест, се мотоцикли «Урал»-ро як кас бурда наметавонад, ин аз оина равшан. Лекин киҳо бошанд? Аз рӯи тахминҳояш вай аз паи Асрору Сангин афтоданӣ. Агар бор аз ин роҳ пайдо намешавад ӯ аз худи Шодмону ҳамроҳонаш гумонбар мешавад. Агар ҳардуи ин тахмин ғалат барояд, барои ӯ роҳи сеюм пеш меояд, роҳи душвор, тираю тор...
Вале муфаттиш медонист: Шодмон ҳанӯз ҳамаи гапро ба ӯ нагуфтааст.
— Шодмон, — гуфт Саид Аброров пас аз чанде хомӯшӣ, — ман ҳоло шуморо ҷавоб медиҳам. То фардо мӯҳлат. Илтимос аз рӯзҳои аввали ба кор омаданатон ба базаи мошинҳои «Сельхозтехника» то ҳамин воқеа ҳама чизро ба хотир оред. Дар бораи Асрор, Сангин, дар бораи Мадина бобои Умархон... Чаро баъзеҳо шуморо бад дидаанд, кина аз чӣ сар задааст, сабабаш чӣ?...
— Фаҳмидам, рафиқ Аброров, — гуфт Шодмон, вале дар тааҷҷуб монд, ки чаро муфаттиш тафтишро як сӯ гузошта тарҷимаи ҳол, кору бор ва муносибаташро бо одамон донистан мехоҳад. Чаро?
Як духтари харобаки қадбаланд ва ду ҷавон пасопеш аз автобус фуромаданд. Пас аз он ки автобус гузашта рафт, духтар чанд лаҳза ба девори сангини бинои истгоҳ, ба расми оҳувон ва як шери бароҳат хобида, ки танаи сангҳо нақш ёфта буданд, назар кардӣ аз истгоҳ дуртар рафта, лаби ҷӯй истод ва банди чармини сумкаи сиёҳашро ба китф партофта, ба об нигарист, ба шилдиросзанон ҷорӣ шудани он гӯш андохт. Се-чор қадам дуртар аз роҳи калон мошинҳо ғув-ғув садо дода мегузаштанд. Дар рӯ ба рӯ теппаҳои сабзгун метобанд. Офтоби баҳор рӯи теппаҳо рӯи сабзаҳои навруста ҷодари нафиси заррин кашидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё