Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Духтарак шод буд: ҳавои нағз шуд, борон наборид. Пагоҳӣ ҳангоми аз ҳавлӣ берун омадани ӯ болои кӯҳҳо чанд пора абр пайдо гашт. Падараш ба вай гуфт, ки борониашро бипӯшад. Вале ӯ якравӣ кард. «Имрӯз ҳаво намеборад», — гуфт... Хайрият, тахмини Мадина рост баромад, рӯзи нағзи офтобӣ шуд.

Марде халтаи пурбор дар пушт базӯр роҳ рафта, аз назди Мадина гузашт. Вай хост пурсад: «Амак, базаи «Сельхозтехника» дар куҷо?» Вале забонаш нагашт.

— Шодмон, — гуфт яке аз он ду ҷавон, ки куртаи сафед ва шими сиёҳи нав дар бар дошт.

Шодмон ҷониби рафиқаш нигарист.

— Чӣ ба ман нигоҳ мекунӣ? Дар рӯи ман гул нашукуфтааст, ҷӯра, ҳо ба вай ҷонона нигар. — Ҷавон духтаракро ба Шодмон нишон дод. — Моли соз а?

— Парешон, куҷоеро пурсидан мехоҳад.

— Кабутари роҳгумзада барин... Биё, наздаш меравем, аз паяш афтем.

Шодмону Сангин роҳи калонро бурида, сӯи духтар омаданд.

— Мебахшед, аз шумо як чиз пурсам, — гуфт духтар ба Шодмону Сангин ва пушти сари роҳро гузашт.

— Марҳамат, духтари нағз, пурсед, мо ба хизмат тайёр, — гуфт Сангин аз банди дастони то оринҷ урёни вай чашм наканда.

— «Сельхозтехника» дар куҷо?

— Кадом «Сельхозтехника»? Рақами даҳ?

— Ҳа.

— Бо мо ҳамсафар будаед, духтари нағз, рафтем.

— Рост?

— Агар дурӯғ гӯем, кӯр шавем... Корковӣ меравем. Бовар накунед, бинед, ана, — Сангин аз кисаи шимаш ҳуҷҷати ронандагиашро бароварда, ба духтар нишон дод.

— Ман ҳам ба ҳамин база ба кор рафтавӣ...

— Ба чӣ вазифа? Инженер?

— Оҳо, бисёр баланд гирифтед, инженер а! Шофёри класси се, — аз ханда дандонҳои садафосои духтар намоён гаштанд.

— Аз куҷо мешавад? — пурсид Шодмон.

— Аз Орҷоникидзеобод.

— Ҳамсоя будаем, мо аз қишлоқи Ҳуснобод, — Шодмон сӯи теппаҳои баланд, ки дар фарози онҳо чанд хона намоён буд, ангушти ишорат бурд.

пешина
аз 399
навбатӣ