Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

Шодмон ва духтарак ба якдигар боз чизе гуфтани буданд, ки мошини рӯйпӯше аз роҳи калон тарафи онҳо тоб хӯрд.

— Ҳой, амак, истед! — Сангин фарёд зада, аз паси мошин давид. Сангрезаҳои рӯи роҳ зери чархҳои мошин ғиҷиррос заданд. Мошин ҳашт-даҳ қадам дуртар аз онҳо истод. Сангин саросема дари мошинро кушода, худро ба паҳлуи шофёр гирифт. Шодмон ҳам пой ба остонаи кабина гузошта буд, ки чашмаш ба духтарак афтод. Вай дарҳол аз поймонаки мошин фуромаД.

— Марҳамат, — духтаракро ба кабина таклиф кард. Духтар ба кабина даромада, миннатдорона ба Шодмон назар андохт. Мошин аз назди Шодмон гузашта рафт. Ӯ нигарони мошини дигар шуд. Аммо аз роҳи калон мошинҳо паиҳам равон буданду равон. Ягонтои онҳо ҷониби «Сельхозтехника» намегашт. Хело рост истод, аз таги чинори канори роҳ болою поён қадам зад, тутҳои бари заминро гаштаю баргашта шумурд, лаби чашма, ки оби он аз бехи решаҳои чинор фаввора мезад, нишаст. Ниҳоят дар роҳ мошине пайдо шуд. Он аз тарафи «Сельхозтехника» меомад. Мошин дуртар аз чинор истод. Вай пури одам будааст, ҳама фуромаданд. Сангин ҳам бо он духтарак баргашта буд. Духтар Шодмонро дида, маънидорона сар ҷунбонд. Сангин пеш-пеши ӯ меомад.

— Ту чӣ кор кардӣ? О, одам ин қадар суст намешавад, — ранҷишомез гуфт Сангин.

— Ягон мошин наомад.

— Бисёр нағз, сазои ту барин одам ҳамин, дигар наравӣ ҳам мешавад. Се-чор шофёр қабул мекардааст, даҳ кас рафтанд. Ҳамаашон боз одамдор.

— Худат қабул шудӣ?

— Ҳа, акаи Асрор ёрӣ расонд. Пеши директор бурд...

— Ба чӣ кор қабул карданд? Челонгар?

— Не, мошин доданд.

— Оҳо, табрик!

— Ташаккур.

— Ин касро ҳам қабул карданд? — Шодмон ба духтарак, ки онсӯтар меистод, ишора кард.

— Ҳа, челонгар... — худи духтар ҷавоб дод.

— Агар маро ҳам челонгар мегирифтанд, розӣ будам.

пешина
аз 399
навбатӣ