Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳамин рӯз мерафтӣ, шояд мешуд, ба фикрам, дигар ҷой намонд.

— Рост, ҳамин хел гуфтанд, — ба гап ҳамроҳ шуд духтар ва ба Шодмон ташаккур гуфту банди сумкаашро боз ба китф партофта ҳиромон рафт.

— Барои як «ташаккур»-и ин олуфта аз ҷои кор мондӣ. Кӣ гуфт, ки ҷоятро ба вай диҳӣ? — қоҳиш кард Сангин.

Онҳо пои пиёда лаб-лаби ҷарӣ ба деҳаашон — Ҳусн-обод мерафтанд.


Вай зинаҳои цементии назди идораи директорро якта-якта қадам монда фуромаД. Вале дигар пояш пеш намерафт. Даст ба як шохаи пурбарги олучаи канори роҳ бурду нигоҳашро ба он андармон кард: куҷо равад? Ба ягон базаи дигар? Агар ин хел мақсад медошт, кайҳо кор меёфт. Дили вай ба ҳамин база кашол. Лекин чаро? Сангин мегӯяд, ки ҳамон духтарак доим ӯро мепурсад. Ҳоло вай дар база одами бообрӯ котиби комсомол будааст... Ба Сангин таъин кардааст, ки Шодмон хабараш гирад.

— Барои ба кор қабул шуданат мадад мекардааст, — тамасхуромез мегӯяд Сангин.

Аслан гардани худаш ҳам ёрӣ намедиҳад, ки аз он духтараки хушрӯй мадад хоҳад, ин ба назараш маънии дигар пайдо мекунад: «ҳой, духтараки нағз, ба хотир биёр, як рӯз дар мошин ҷоямро ба ту додаму бекор мондам. Акнун ту ба ман мошин ёфта деҳ».

Ё ҳуҷҷати ронандагӣ дар ҷайб боз ба колхоз баргардаду думи кори пешинаашро гирад? Кори ӯ, чӣ хеле дар ферма мегӯянд, говкахдиҳӣ. Ба охури говҳо коҳу алаф мерезаду об некашонад. Кампири Ҳасратбегим ҳамкораш... Як рӯз ҳамин кампир ба Шодмон писханд зада гуфт:

— Бачам, ту ман шудию ман ту, ба говҳо коҳ меандозем...

— Кампир, ту ҳоли ҳеҷ балоя намефаҳмӣ, бача маҷбур шудааст, агар ягон хеши калоншаванда ё шиноси зӯр медошт, кайҳо кор меёфт, мошин мегирифт,— тарафи вай шуд подабон Ҳасанхон.

Вале Шодмон ба фикри Ҳасанхон ҳам розӣ нест. Пирмард гапи беҳуда мегӯяд. Бепулу ошнобозӣ ҳам

пешина
аз 399
навбатӣ