Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
дар ҳама ҷо кор пур. Лекин дар ҳамин базаи «Сельхозтехника» ба кор даромадан андак душвортар шудааст, дар дигар базаҳо ин хел не.
Шодмон аз назди дарахти олуча дуртар рафт. Сангин бо даҳони пурханда сӯяш меомад. Корҷомаи дарози кабудранг дар бар дошт. Ин корҷома ба тани ӯ шинам набуд...
— Салом, Шодмон! Ҳеҷ бовар намекунам, ки ин худи ту бошӣ, — Сангин дастонашро чун қаноти паррандаҳо ба ду тараф ёзонда, ӯро ба оғӯш кашид. — Ман бисёр хурсанд, нағз кардӣ.
— Мошинат канӣ? — пурсид Шодмон.
— Ҳо, ана, — Сангин хурсандона гардани харобашро ёзонда, ба як мошини нав рангдодашуда ишора кард.
— Нав-ку.
— Ҳа, корди ҷӯраат ин ҷо болои равған. Обрӯ ҳаст, бо директор соз. Гапи мегуфтагиаш «Сангинҷон». Мошини нав ваъда кард. Дар ин ҷо, ҷӯра, боз як дилкашолии дигар ҳам ҳаст. Эҳ, ба ростӣ олиҷаноб! Ба кор дарой, худат ҳамаашро мефаҳмӣ... Хайр, ҷӯра, пеши Остон Ваҳобович даромади?
— Остон Ваҳобовичаш кӣ?
— Директор.
— Ҳа, ҷой нест, мегӯяд.
— Ҷой мешавад, ҷӯра, бо ман маслиҳат мекардӣ, кайҳо мошин ёфта медодам... Мадинаро надидӣ? — пурсид.
— Мадина кӣ? — Шодмон бори аввал ин номро мешунид.
— Ҳамон духтарак.
— Э нее, ту маро чӣ хаёл кардӣ?
— Нағз, мард будан лозим, лекин, ҷӯра ҳамин духтарак катӣ мо соз, вай ба ман маъқул.
Аз ин суханҳо дили Шодмон сиёҳ шуд, вай ҳам мехост ин духтаракро бубинад. Лекин ҳоло не, баъди ба кор даромадан.
Шодмону Сангин аз дарвозаи база баромаданд. Дуртар рафта нигарони мошин шуданд. Самосвале намоён шуд — аз база меомад.
— Мошини Мадина, — гуфт Сангин.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё