Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Вай мошини калон дорад? — гӯё оташаке ба рагу паяш зада ҳушӯёраш кард.
— Ҳа, ин духтар бало будааст, — шӯхӣ кард Сангин.
Мошин дуртар аз онҳо қарор гирифт. Дили Шодмон нооромтар гашт. Ҳамон духтарак ҷониби вай меомад. Аммо ӯ ба он духтараки як сол пеш дидааш монанд набуд. Мадинаи дигар, кабки сурх барин не. Ба гирду атроф, ба мошинҳои канори роҳ, ба шофёрҳо оромона назар андохта меомад. Банди калиди мошинашро, ки бо мӯҳраҳои сурҳу зарди гарди хазина гул андохта буд, ба ангушташ гузаронда, онро бозӣ медоронд. Оё духтарак Шодмонро мешинохта бошад? Не, намешиносад... Хайр шиносад ҳам чӣ? Салом нагуфта рафтан мегирад. Охир барои чӣ ӯ вайро фаромӯш намекардааст? Барои он ки ӯ дар мошин ба вай ҷой дода буд? Бас, бас! Ин кирои гап не. Дигар онро ба ёд намеорад, айб, сабукфикриҳои аз ҳад зиёд, ба шаъни мард намезебад.
Сангин аллакай ба назди Мадина рафта буд. Шодмон худро канор гирифт. Вале Мадина ӯро дид.
— Салом, — овози хандаомези Мадина баланд шуд.
— Салом, — Шодмон кебида-кебида пеш омад.
— Як бори дигар ба ман ҷой намедиҳед? — Бо лабони пурханда Мадина ба Шодмон даст дароз кард.
— Куҷо рафтаниед?
— Қишлоқ.
— Биёед, ба мошини ман шинед. — Мадина дари кабинаи мошинашро кушода, — як бор хизмат кунам — гуфт.
Нигоҳи Шодмон ба Сангин ғалтид: Чӣ мегӯяд? Ӯ ҳамроҳи Мадина равад? Дудила шуд.
— Тезтар, маслаҳат баъд, — таъкид кард Мадина.
Шодмон дар ҳолати нобоб монд: Сангин хафа мешавад, онҳо рафиқ, ҳамроҳ... Лекин дар ин лаҳза амри духтар, ки худи ӯро ба кабинааш хонд, баландтар буд.
Чанбари рул миёни панҷаҳои духтар печ мехӯраду мошин пеш медавид.
— Аз Сангин ҷудо шудед? — лабони Мадина аз табассуми ширин гӯё гул карданд.
— Ҳа-а...
— Розигиашро пурсидед?
— Дар ин масъалаҳо одам ба ҳеҷ кас маслаҳат намекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё