Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Шумо ҳам аной набудаед-а? — Баланд хандид Мадина. — Нағз, ҳамин хел будан лозим.
— Маро масхара накунед, — ҳиҷолатомез гуфт Шодмон.
— Чанд бор шуморо пурсидам, Сангин нагуфт?
— Гуфт, лекин ташвиш надиҳам гуфтам.
— Қоратон буд шуд?
— Ҳа.
— Мошин доданд?
— Сангин ёрӣ расонд.
Даме хомӯшӣ ба миён омад.
— Ин хел корҳо нағз не. Нағз не! — такроран гуфт Мадина. Шодмон аз ӯ пурсиданӣ буд, мақсадашро рӯирост мегӯяд. Магар бад аст, ки ҷӯрааш Сангин ба вай ёрӣ расонд. Агар ӯ намебуд, Шодмон соҳиби мошин намешуд. Вале Шодмон ба гуфтани ин суханҳо ҷуръат накард.
Гашти мошини Мадина суст шуда буд. Мошинҳо аз паҳлуи ӯ чун бод мегузаштанд. Баъзе шофёрҳо «диддид» сигнал дода сарашонро аз кабина бароварда дод мезаданд:
— Хонум, ҷунб, хоб нарав...
Шодмон гоҳ-гоҳ бо гӯшаи чашм ба Мадина менигарист. Андешаманд буд. Рухсораҳои ӯ ранг мезаданд, сабук-сабук нафас мегирифт. Пеши бараш, ки аз болои куртаи атлас чемпери зебое пӯшида буд, чун мавҷи об якзайл баланду паст мегашт. Аз тангии куртааш гӯё пойҳояшро ҷунбонда наметавонист, зонуонаш бо ҳам ҷафс шуда буданд.
Шодмон бо худ дар бораи Мадина гап мезад: духтараки хушрӯ, лабонаш мудом пурханда. Барои чӣ ӯ Шодмонро ба мошинаш шинонд? «Биё ба паҳлуи ман шин» гуфт ба ӯ? Чаро? Минбаъд ҳам оё ӯ бо вай ҳамин хел меҳрубонӣ мекарда бошад? Қош, ҳамин хел шавад. Вале Сангинро танҳо монданаш нағз нашуд.
Вақте вай ӯро дар база дид, аз шодӣ худашро гум кард, хушу ҷонаш гӯё тоза шуд. Агар мошинҳои база дар ихтиёраш мебуданд, ҳамаашро ба ӯ медод. «Гир, Шодмон, азони ту» мегуфт. Агар гапи Мадинаро мегардонд чӣ? Не, духтар дар пеши Сангин шарм медошт... Аҷаб не баъд ба саломи Шодмон алек намегуфт. Боз Сангин гуфт, ки Мадинаро нағз дидааст. Хайр, чӣ кунад, ки дили Шодмон ҳам ба вай кашол. Оқибаташ ба хайр шавад, ба хайр! Шодмон аз хоб бедор шудагӣ барин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё