Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ба Мадина нигоҳ кард. Чашму абрувони вай ба назараш зеботар тофтанд.
Деворҳои пасту баланди ҳавлиҳои деҳа аз ду тарафи роҳ то охири дара, то хонаҳои усто Тағоймурод, ки ба танаи сангҳои кӯҳ часпидаанд, давом меёфт. Болои деворҳо бо сархора, бо шиферу тол пӯшида шудаанд. Девори ҳавлии яке базебу нав, бо коҳгил андова ёфтагӣ, онтарафтар бошад, ҳамсояаш ҷои девори гаштаро бо хору шох ё тахта назарбанд кардааст. Шохаҳои дарахтон аз ҳавлиҳо тарафи кӯча хамидаанд. Дар баҳорон дарахтон гул карда ба кӯчаҳо шукӯҳ мебахшанд. Ҳавлии Шодмонино дар он тарафи сой, дар баландӣ ҷойгир аст. Чинори сершоҳу навдаи паси дарвозаи онҳо аз чор тарафи деҳа ба чашм мерасад.
Шодмон назди бинои сафеде истод, ки аз ҳамаи хонаҳои қишлоқ баланду зебо буд. Аз даруни бино сурудхонии духтарон, садои доира шунида мешуд. Ин клуби деҳа буда, он ҷо дастаи ҳаваскорон машқ доштанд. Он сӯи роҳ ду пирамард паси дарвозаи тахтаҳояш афтодаи масҷид, болои як сангӣ калон нишаста саргарми сӯҳбат буданд. Аз афташ, онҳо аз хусуси бинои нимвайронаи масҷид, аз сутунҳои ҳамзадаи он ҳикоят мекарданд.
Чор бачаи хуррд аз пеши клуб тохта ба оғӯши дарахтон даромаданд. Шодмон ҳам чанд сол пеш монандӣ ин бачаҳо байни боғу майдон бозӣ карда мегашт. Он рӯзҳо гузаштанд, акнун вай одами калон, серкор, Ана, боз соҳиби мошин шуд. Пагоҳ бо мошинаш аз ин кӯчаҳо мегузарад. Мошинаш чандон кӯҳна не, соғуяш каб-кабуди зебо. Аз кӯчаҳои качу килеби деҳа мошин меронад. Баъд ӯ ҳамон духтаракро дид. Бо вай вохӯрда, дастакони нармашро миёни панҷаҳояш дошт. Паҳлуи ӯ, наздикакаш нишаст. Ҳатто нафаси гарми вай ба рӯи Шодмон расид. Суханҳои ширинашро намегӯед. Кошки ӯ аз паҳлуи Мадина намехест.
Шодмонро Мадина то деҳа овард. Пагоҳ ӯро боз мебинад, минбаъд онҳо ҳар рӯз якҷоя ба роҳҳои дур сафар мекунанд, Кӯлобу Ленинобод мераванд... Ҳамсафар мешаванд. Ҳа, Шодмон акнун бачаи хурд не. Дар бораи Мадина ба ягон рафиқ, дӯсти наздикаш рози дил гуфтан мехоҳад. Мехоҳад гӯяд: имрӯз барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё