Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ

Халқи тоҷик аз қаъри асрҳо то имрӯз симои миллии худро тавассути таъриху фарҳанг нигоҳ доштааст.
Эмомалӣ Раҳмон

Халқи тоҷик бо ҷаҳони фазлу дониш, таъриху адабиёт заковати баланд ва тафаккури васеъ дар шумори халқҳои дорои фарҳанги қадим мақом касб кардааст. Маҳз бо далели рисолати таърихӣ доштан бо ташаббуси ЮНЕСКО дар саросари олам «2700-солагии эҷоди Авесто», «3000-солагии фарҳанги зардуштии» ҷашн гирифта шуд. Маводи таърихӣ ва тозатарин кашфиёти илмӣ собит менамояд, ки доираи ташаккули халқи тоҷик сарзамини паҳноварест, ки дар маркази олами ориёинажодону ориёитаборон воқеъ буда, дар аҳди бостон бо номи умумии Ориёно ва сипас Бохтару Суғд машҳур гаштааст. Дар ин сарзамин мардумоне мезистанд, ки худро ориёгӣ меномиданд.

Бохтариён, Суғдиён, Портиён, Хоразмиён ҳамчун халқиятҳои ориёгӣ арзишҳои фарҳангии муштарак ва забону гуфтори ба ҳам ниҳоят наздик доштанд ва ҳуввияти ориёгии худро ҳифз мекарданд. Минбаъд марзи Ориёно бештар бо номҳои Вароруд, Хуросон зикр мешуд.

Ориёиҳои Бохтару Суғд ва Хоразмро дар ҳайати давлатии ориёии Ҳаҳоманишинӣ робитаҳои дӯстонаи иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ ба ҳам муттаҳид сохта, ба густариши тамаддуни ориёгӣ мусоидат мекард. Маҳз дар ҳамин давра Роҳи бузурги абрешим аҳамияти байналхалқӣ касб намуда, тоҷирони ориёиро ба сафари Мисру Бобул, Мод, Ошур, Юнон раҳнамун сохт. Бо мурури замон ҳудуди ин шоҳроҳ ба дурдасттарин кишвари олам расид. Катибаи сохтмони қаср дар Шуш, ки яке аз катибаҳои то замони мо расидаи Дорои 1 мебошад, аз санъати меъморию шаҳрсозӣ, хулоса рисолати тамаддуни ориёгӣ гувоҳӣ медиҳад.

Аз навиштаи катибаҳо маълум мегардад, ки таъсири тамаддуни ориёгӣ дар тамаддуни халқиятҳои дигар баръало эҳсос мегардад. Дар катибаи сохтмони қасри

пешина
аз 40
навбатӣ