Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
Шумо зикр мегардад, ки барои сохтмони қасри мазкур аз мамлакатҳои гуногун масолеҳи гаронбаҳо ворид мегашт. Аз ҷумла, чӯби қиматбаҳоро аз Лубнон, тиллоро аз Бохтар, лоҷувардро аз Суғд, нуқра ва биринҷро аз Хоразм, устухони филро аз Ҳиндустон меоварданд. Катиба чун ёдгории беназир роҷеъ ба паҳлӯҳои ҷудогонаи ҳаёту фаъолияти ориёиҳо маълумоти муфассал медиҳад.
Ҳамин тариқ, ниёгони ориёии тоҷикон дар инкишофи иқтисоду муносибатҳои иҷтимоӣ, болоравии фарҳангу ҳунармандӣ, санъату осори нафисаи ҷаҳонӣ саҳми назаррас доранд.
Бо мақсади ошноии бештар ба таъриху фарҳанги бостонӣ соли 2006 — соли тамаддуни ориёӣ эълон гардида, ба ифтихори ин санаи сабзи таърихӣ чораҳои мушаххас андешида шуд. Бешубҳа, эҳё кардан ва гиромӣ доштани анъанаҳои писандидаи бостонӣ, ки ба манфиати такомули маънавиёти мост, барои ваҳдату миллат ногузир аст. Агар мо ба фарҳанги гузашта арҷ гузорем, ояндагон низ чунин хоҳанд кард. Пас, барои вориси асили ориёӣ будан бо истифода аз ҳикмати дирӯзу имрӯз ҷустани падидаҳои тозаи илмиву фарҳангӣ ба мақсад мувофиқ аст.
ИДИ ҒАЛАБА
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
(Абулқосим Фирдавсӣ)
Ҷанг, ҳодисаи ҷамъиятӣ, бо роҳи зӯрӣ давом додани сиёсат буда, мазмуни онро муборизаи муташаккилонаи мусаллаҳона ташкил медиҳад. Баробари шунидани ин вожа вайрониву даҳшат, қурбониву валангории шаҳру деҳот пеши назар меояд. Инсоният борҳо ба ин фоҷиа рӯ ба рӯ шуда, газанди азиме дидааст. Даҳҳо шаҳру деҳот ба иллати оташи ҷанг мубтало гашта комилан маҳв гардиданд. Ҳазорон нафар одамон қурбони ин фоҷиа гаштанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё