Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт

БА ҶОИ САРСУХАН

Ҳар кӣ сухан бо сухане зам кунад,
Қатрае аз хуни ҷигар кам кунад.

Оре, ба сухани касе илова кардани андешаи тоза захмати зиёдеро тақозо менамояд. Ва умуман, навиштани иншо (махсусан озод) мураккаб аст. Ҳарчанд, довталабон роҷеъ ба оламу одам, некиву бадӣ, дӯстиву рафоқат, ҳимматбаландиву фурӯтанӣ хоса фалсафаи ҳаёт иттилоъ дошта бошанд ҳам, ҳангоми рӯи қоғаз овардани фикри худ душворӣ мекашанд.

Оид ба ин ё он мавзӯъ навиштани иншои комил ба маҳорату олами тафаккури иншонавис вобаста аст, зеро иншо кори эҷодӣ маҳсуб мешавад.

Намунае, ки дар даст доред, чун дастур дар навишти иншои озод ва риояи қоидаҳои имло ба Шумо кӯмак расонида метавонад. Баҳои хуби Иншо ба санъати сухан гузошта мешавад. Зеро:

Як саҳфаи пур аз шароии шавқ,
Беҳтар зи дусад китоби безавқ.

аз 40
навбатӣ