Зеҳн
Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа

МаорифАдабиёт
Аз аввал хондан

Ҳанӯз асрҳои III-II пеш аз милод водии Кӯлоб дар замони ҳукмронии Юнону Бохтар даҳҳо шаҳристони хурду калон ва рустоҳои хубу зебо дошта будааст.

Шаҳрҳо ва деҳаҳо ҳокимони худро доштанд. Пойтахти давлати Бохтар шаҳри Балх ба сифати модари шаҳрҳои дунё шинохта шудааст.

Разму русуми аҷдодӣ: кандакорӣ, заргарӣ, кулодӣ, сангтарошӣ, гулдӯзӣ ба кору пайкори сокинони ин гӯшаи диёри зебоманзари мо тавъам гашта, рушд мекунад. Махсусан, либосҳои занонаи гулдӯзӣ (чакан) борҳо дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ баҳои баланд гирифтаанд. Диди равшан ва муносибати самимонаи мардуми Хатлонзамин аз таърихи тамаддуни гузашта мерос мондааст. Аз байни сокинони ин минтақа даҳҳо шоирому нависанда, арбоби давлатӣ, ҳунармандони варзида сабзида, фазои кишвари моро шабеҳи кавкаб равшан намудааст.

Воқеан, саҳми мардуми Хатлон дар пешбурди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ хеле назаррас аст. Халқи тоҷик бо номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Сафар Амиршоев, шоироне чун Ашур Сафар, Ҳақназар Ғоиб, Муҳаммад Ғоиб, Сафармуҳаммад Аюбӣ ва ҳунармандони маъруф Одинаи Ҳошим, Давлатманди Хол, Сурайё Қосимова, Файзалӣ Ҳасанов ифтихор менамояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ аз ин диёри ҳамешабаҳор ба арсаи сиёсат ворид гаштаанд.

Хулоса, ҷаҳони сиёсату иқтисод ва фарҳанги кишварро бе иштироки намояндагони ин минтақа наметавон тасаввур намуд.

Соли 2007 ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб дар фазои сулҳу субот таҷлил гардид.

Оре: Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштҳо ояд ба даст, Аз парешонии мамлакат нигаҳ дорад Худо.

Бо эътимод метавон гуфт, ки мардуми шарафманди ин гӯшаи зебоманзари диёрамон минбаъд низ барои гул-гулшукуфии Тоҷикистони азиз кӯшишу ғайраташонро дареғ намедоранд.

пешина
аз 40
навбатӣ