Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
гашта, коргоҳи қолиндӯзӣ таъсис медиҳад ва маҳсулоти тайёрро ба бозор бурда, фоидаи хуб ба даст меорад. Хулоса, аз тарҳи қолинҳо манзили подшоҳро ёфта, ӯро ба мамлакаташ меоранд.
Шоҳ ба хирадмандии зан қоил гашта, моҳияти ҳунармандиро дарк мекунад. Оре, шахси ҳунарманд дар ҳама ҳолат ниёзи иҷтимоӣ, осудагии худро қонеъ мегардонад. Хусрави Деҳлавӣ гуфтааст:
Ҳунар пояи мард афзун кунад,
Сар аз ҷайби иқбол берун кунад.
Дар ҳикмати мардум низ ҳунар мавқеи хоса дорад. Ҳунармандро ҳама азизу гиромӣ медоранд. Хушбахтиву комронӣ ва зебоиву шодмонӣ ҳама аз маҳсули дасти ҳунармандон сарчашма мегирад. Агар содда карда арз бикунем, ҳунар зиннати инсон аст.
«Ҳунар беҳтар аз мулку моли падар».
Аз ҳикмати халқ:
Хушбахтона, дар ҷомеаи мо мардум ба ҳунару ҳунармандӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. Бахусус, падару модарон талош меварзанд то аз хурдӣ ба фарзандон ин ё он ҳунарро омӯзанд. Роҳи ояндаи давлати соҳибистиқлоли мо низ ба нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии ҷавонон мунаввар мегардад.
Панди Фирдавсияи Тӯсӣ шиори рӯзгори хуррами инсонист.
Куҷо бехунар шуд асири ниёз,
Ҳунарманд ҳар куҷо бувад сарфароз.
Шахси соҳибҳунар, ба андешаи шоири машҳур Бадриддин Ҳилолӣ, азизи мардум аст:
Соҳибҳунаре, ки ботамиз аст,
Дар дидаи мардумон азиз аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё