Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
Байтӣ пурмаънии Низоми Ганҷавӣ раҳнамои
фардои дурахшони мост:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигаранд, рӯзат аз рӯз.
ҲЕҶ ГАНҶЕ БЕҲ АЗ ҲУНАР НЕСТ
(Кайковус)
Ҳунар омӯз, к-аз ҳунармандӣ,
Даркушоӣ кунӣ, на дарбандӣ.
(Низомии Ганҷавӣ)
Ҳунар, қобилият, кордонӣ, касб, пеша фазилати инсонист, ки ҳамеша инсонро сарфарозу бахтиёр мегардонад. Ҳаким Фирдавсӣ ҳунарро аз гавҳар қиматтар медонад:
Ҳунар беҳтар аз гавҳари номдор,
Ҳунармандро гавҳар ояд ба кор.
Ривояте ҳаст. Подшоҳе ба хонаи духтаре хостгор мефиристад. Духтар шарт мегузорад, ки агар подшоҳ илова бар маснадаш ҳунаре дошта бошад, хоҳишаш болои дида дар акси ҳол талабаш рад мешавад. Аз ин ҳолат шоҳ воқиф гашта, аз шиддати дарди ишқ ноилоҷ ба касби қолинбофӣ майлу рағбат пайдо мекунад ва нозукии ин пешаро аз бар менамояд. Ниҳоят онҳо ба мурод расида, дар соҳили рӯде фарогат мекунанд. Ногоҳ борони сел борида, дасти мавҷи саркаш онҳоро низ мебарад, яъне ғарк мешаванд.
Навкарон духтарро зуд пайдо карда, дар ҷустуҷӯи шоҳ меафтанд, вале ин ҳолат тӯл мекашад. Духтар ба худ омада, амр медиҳад, ки тамоми бозорҳои қолинбофиро ҷӯянд. Навкарони мутаҳайир бо тарҳи қолинҳо, ки шоҳ мебофт, ба ҷустуҷӯ мебароянд.
Шоҳро дар кишвари дигар марде аз об раҳо карда,
муддате табобат мекунад. Баъди ошноӣ аз ҳунараш огоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё