Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ЧАРО КАДФИЗИ II
ИСЛОҲОТИ ПУЛӢ КАРД?
Кадфизи II ё худ Вима Кадфиз (47–78) қисмати шимолии Ҳиндустонро то водии Банорас ва поёноби дарёи Ҳинд ба қаламрави Кушониён ҳамроҳ намуда, ислоҳоти иқтисодӣ ва пулӣ кард. Тангаҳои мисини аҳди Кушониён дар бозорҳои ҷаҳонӣ бо сиккаҳои тилоии империяҳои Руму Порт рақобат карда наметавонистанд. Аз ин рӯ, Кадфизи II ба муомилот тангаҳои тилоиеро баровард, ки вазни хосси онҳо 8 грамм буда, ба рӯяшон рамзҳои давлатӣ ва симои подшоҳони кушонӣ сабт шуда буд. Бостоншиносон сиккаҳои тилоии Кадфизи II ва Канишкаро дар Итолиё, Фаронса ва Скандинавия низ пайдо кардаанд.
Даврони подшоҳии Канишкаи I (78–123) авҷи равнақи давlати Кушониён буд. Ӯ пойтахти худро ба Пуришопур (Пешовар) кӯчонида, баробари ойини зардуштӣ ба парастиши дини буддоӣ роҳ кушод. Дар аҳди Канишка таълимоти буддоӣ дар Бохтар падид омада, чандин ибодатхонаҳои ин дин сохта шуд. Баъзе олимон муҷАССАМАИ 12-метраи Буддоро дар Аҷинатеппа ва буддоҳои хурду бузурги Бомиёнро ба паҳншавии ойини буддоӣ дар аҳди Кушониён мансуб медонанд.
ОЁ КАНИШКА ЗАБОНИ БОХТАРИРО ЧУН
ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ПАЗИРУФТ?
Канишкаи Кабир забони бохтариро забони коргузории расмӣ эълон намуда, дар заминаи алифбои такмилёфтаи юнонӣ хатти расмии Кушониёнро ҷорӣ менамояд.
Дар катибаи Работак, ки дар музофоти Бағлони Афғонистон ёфт шудааст, фармони Канишкаи Кабир бо чунин сатрҳо сабт шудааст: «Наҷотбахши бузург, Канишкаи Кушонӣ, порсо, адолатпаноҳ, ҳукмрони мутлақ, арзандаи таъзиму саҷда аз Нана (Модархудо) ва ҳамаи худоён тахти шоҳиро қабул кард, зеро ин хоҳиши онҳо буд. Вай фармон медиҳад, аввал ба забони юнонӣ ва баъд ба забони ориёгӣ». Дар замони подшоҳии Канишка забони бохтарӣ ё худ ориёгӣ бори дигар забони давлатӣ эътироф гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё