Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ПАНТУРКИЗМ
Пантуркизм назария ва ғояи миллатгароиест, ки дар охири асри 19 ва аввали асри 20 вусъат ёфта, бунёди «Давлати ягонаи туркиро зимни муттаҳидсозии миллати ягонаи турк» аз соҳили баҳри Сиёҳ то Ёкутистон мақсади асосии худ қарор дода буд. Барои амалӣ шудани ин мақсад дар Осиёи Миёна тоҷикон, ки аз мардумони эронитабору нажоди ҳиндуаврупоӣ буданд, «халал мерасонанданд». Пантуркистон ва миллатгароёни узбек мавҷудияти халқи тоҷикро инкор мекарданд. Онҳо тоҷикони Осиёи Миёнаро дар асл узбеке мешумурданд, ки гӯё «забони модариашонро гум карда, забони вайроншудаи форсиро пазируфтаанд». Пантуркизм баъди Инқилоби Шӯравӣ дар симои як гурӯҳ зиёиёни тотор, сарбозони асирафтодаи турк, кормандони ҳизбиву шӯравии узбек ва баъзе тоҷиконе, ки аз ғояҳои он пайравӣ мекарданд, пуштибонӣ ёфт.
ПАНТУРКИСТОН ЧАРО МАВҶУДИЯТИ ТОҶИКОНРО ИНКОР МЕКАРДАНД?
Аз рӯзҳои аввали мавҷудияти ҶМШС Туркистон, ки масъалаи худмуайянкунии миллатҳои Осиёи Миёна ба миён омад, муборизаи туркпарастон барои эътироф накардани мавҷудияти миллати тоҷик равона гардид. Ҳатто дар Конститутсияи ҶМШС Туркистон мардуми муқими кишвар қирғизҳо, узбекҳо ва туркманҳо эътироф гардида, номи тоҷикон, ки аз ҷумлаи қадимтарин мардумони ин кишвар буданд, аз ин ҳуҷҷати муҳим берун монда буданд. Баъзе роҳбарони сатҳи аввали ҶМШС Туркистон ва ҶХШ Бухоро (Файзулло Хоҷаев, Абдулло Раҳимбоев, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдурауфи Фитрат), ки аслан тоҷик буданд, дар лаҳзаҳои ҳалкунанда ҳатто тоҷик будани худро инкор намуданд. Соли 1919 дар ҳайати Комиссариат оид ба корҳои миллии ҶМШС Туркистон шуъбаҳои узбекӣ, қирғизӣ, туркманӣ, озарӣ, туркӣ, тоторӣ, русӣ, украинӣ, форсӣ ва яҳудӣ амал мекарданд, аммо ташкилоте, ки манфиати миллии тоҷиконро ҳимоя кунад, умуман вуҷуд надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё