Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
НАХУСТИН ДАВЛАТИ ШӮРАВИ
ДАР ОСИЁИ МИЁНА КАДОМ БУД?
Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон (ҶМШСТ) нахустин давлати Шӯравӣ дар Осиёи Миёна буд, ки 30 апрели соли 1918 дар Анҷуман (Қурултой)-и V Умумитуркистонии Шӯроҳо дар ҳайати ҶФСР Россия таъсис ёфта, ҳудуди собиқ генерал-губернатории Туркистонро бо вилоятҳои Сирдарё, Самарқанд, Фарғона, Ҳафтруд ва Моварои Каспий дар бар мегирифт. Анҷумани мазкур Низомномаи ҶМШС Туркистонро тасдиқ намуд, ки раиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ (КИМ) П. А. Кобозев ва раиси Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) Ф. И. Колесов интихоб шуданд. 15 октябри соли 1918 Анҷумани VI фавқулоддаи Шӯроҳои ҶМШС Туркистон Конститусия қабул кард, ки дар асоси он органи олии қонунбарори мамлакат Анҷумани Шӯроҳои намояндагии коргарон, аскарон ва деҳқонон ҳисоб мешуд. Ҳокимияти иҷроия ва идоракунии ҷумҳурӣ ба уҳдаи Шӯрои Комиссарони Халқӣ (ШКХ) гузошта шуд.
ҶУМҲУРИИ ХАЛҚИИ ШӮРАВИИ
БУХОРО (ҶХШБ)
Баъди забти Бухоро аз ҷониби Лашкари Сурх ва ҷавонбухориён аввали сентябри соли 1920 Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ таъсис ёфт, ки он барҳам хӯрдани Аморати Бухоро ва ба ихтиёри Кумитаҳои инқилобӣ гузаштани ҳокимиятро эълон намуд. 14 сентябри 1920 раиси Кумитаи Инқилобии Умумибухороӣ Абдуқодир Муҳиддинов ва Раиси Шӯрои Нозирони Халқӣ Ф.
Хоҷаев таъин гардиданд. ҶХШ Бухоро расман 8-уми октябри соли 1920 дар Анҷумани I муассисонии Умумибухороои намояндагони халқ чун ҳукумати коргару деҳқон ва халқи меҳнатқаш таъсис ёфта, мақоми олии иҷроия ва идоракунии ҳокимияти он - Шӯрои Нозирони Халқӣ ташкил дода шуд. Ҳамин тавр, дар сарзамини собиқ Аморати Бухоро ҶХШ Бухоро таъсис ёфт, ки дар он нақши роҳбарикунандаро ҳизби коммунист ба уҳда дошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё