Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР
ИНҚИЛОБИ ОКТЯБР ВА ТАЪСИРИ ОН
БА ОСИЁИ МИЁНА
Дар Русия баъди барҳам хӯрдани дуҳокимиятӣ ва сари кор омадани Ҳукумати Муваққатӣ ҳам вазъият беҳтар нагардид. Идомаи Ҷанги якуми ҷаҳон, ки Русия гирифтори он буд, сабаби боз ҳам афзудани қашшоқӣ, беқурбшавии пул ва норозигии мардум, хусусан аскарони рус шуда буд. Аз ин вазъият истифода намуда, Ҳизби болшевикии Русия мардумро барои гирифтани ҳокимият тавассути шӯриши мусаллаҳона ташвиқ мекард. 24 октябри соли 1917 дар Петроград бо роҳбарии ин ҳизб шӯриш сар зада, то 26 октябр ҳамаи пулҳои дарёи Нева, вокзалҳои роҳи оҳан, телеграф, почтамт, истгоҳҳои барқӣ, бонки давлатӣ, қароргоҳи Ҳукумати Муваққатӣ ва ғайра ба ихтиёри шӯришгарон гузаштанд. 25 октябр анҷумани II Умумируссиягии Шӯроҳои коргарон ва аскарон баргузор гардида, 26 октябр сарнагун гардидани Ҳукумати Муваққатӣ ва таъсиси Ҳокимияти Шӯравиро бо роҳбарии В. И. Ленин эълон намуд. Ҳамчунин анҷуман қарор қабул намуд, ки дар тамоми сарзамини Русия, аз ҷумла кишвари Туркистон ҳокимият бояд ба ихтиёри Шӯроҳои коргарон ва аскарони маҳаллӣ гузарад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё