Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Пас аз марги амир Абдулаҳад (1911) ба тахт писараш Олимхон нишаст.
Дар замони ҳукмронии амир Олимхон Аморати Бухоро ба 28 бекигарӣ тақсим мешуд, ки ба онҳо 125 амлокдорӣ ва зиёда аз 10 ҳазор деҳаҳои калони аҳолинишин шомил буданд. Мувофиқи маълумоти таърихнигорон дар Аморати Бухоро қариб 3 млн. нафар зиндагӣ мекарданд, ки аз се ду ҳиссаи онҳо тоҷикон буданд. Дар Аморати Бухоро бо таъсири инқилоби Россия дар Китоб, Шаҳрисабз, Яккабоғ ва Тирмиз ошӯбу нооромиҳо падид омада, амир Олимхон ночор ба ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ даст зад.
ҶАДИДИЯ ЧӢ ГУНА ҲАРАКАТ БУД?
Дар охири асри XIX аввали асри XX дар Бухоро ҳаракати ҷадидия, ки дар Туркия ва баъдан Тотористон зуҳур карда буд, ҳамчун ҷараёни фарҳангию маърифатӣ, баъдтар чун ҷунбиши иҷтимоиву сиёсии ислоҳотхоҳона падид омад. Пайравони ин ҳаракат ақибмондагии иқтисодию сиёсии аморатро дарк намуда, барои густариши маърифат, беҳсозии усули куҳнаи таълим, паҳн намудани адабиёти навин, нашри ҳафтавору маҷаллаҳо кӯшиш мекарданд. Баъди инқилоби февралии Россия соли 1917 ҷадидон бар зидди сиёсати амир тазоҳурот карданд, ки амир онҳоро саркӯб ва муҷозот намуд.
МУҲОРИБАИ КОЛЕСОВ
ЧАРО САР ЗАД?
Баъди таъқиботу ҷазодиҳии амир вазъи сиёсии мамлакат тезутунд гардида, 28 феврали соли 1918 бо имзои сарвари ҳукумати Туркистони Шӯравӣ Ф. И. Колесов ва раиси Комиҷроияи ҳизби ҷавонбухориён Ф. Хоҷаев ба номи амир Олимхон таҳдиднома фиристода шуд. Амири Бухоро барои ихтиёран даст кашидан аз ҳокимият розӣ нашуд. Дар натиҷа 2 марти соли 1918 ҷанги байни лашкари Колесов ва амир Олимхон сар шуд, ки баъди муҳорибаи шадид 28 марти 1918 дар Қизилтеппа байни Аморати Бухоро ва Туркистони Шӯравӣ шартномаи сулҳ имзо гардид, ки мутобиқи он амир Ҳукумати Туркистони Шӯравиро расман эътироф кард.
АМИРИ БУХОРО ЧӢ ГУНА САРНАГУН ГАРДИД?
Тобистони соли 1920 фармондеҳи фронти Туркистон М. В. Фрунзе аз рӯи дастури Бюрои Сиёсии КМ ҲҚ(б) Россия барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухоро омодагӣ медид.
28 август бо фармони таъҷилии штаби фронти Туркистон барои «Амалиёти Бухоро» се ҷабҳаи асосӣ: ҷабҳаи чорҷӯйӣ, ҷабҳаи когонӣ ва ҷабҳаи самарқандӣ таъсис дода шуданд, ки вазифаи асосии онҳо сарнагун намудани амири Бухоро ва ҷонибдорони ӯ буд. Ҳамин тариқ, қисмҳои низомии Лашкари Сурх аз чандин самт сӯи Бухоро ҳуҷум оварда, 2 сентябри 1920 баъди муҳосираи панҷрӯза Бухороро ишғол карданд. Шаби 31 август ба 1 сентябри соли 1920 амир Олимхон ба Бухорои Шарқӣ фирор карда, баъдан ба Афғонистон паноҳ бурд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё