Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

БАРОИ МАҲВИ ЗАБОНИ ФОРСИИ ТОҶИКӢ ЧӢ
ТАДБИРҲО АНДЕШИДА ШУДАНД?

Мувофиқи қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Туркистон аз 14 июли соли 1918 дар ин сарзамин забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ дар қатори забони русӣ забонҳои давлатӣ эълон гардида, нуфузи забони форсии тоҷикӣ қасдан инкор карда шуд. Минбаъд аз соли 1923 ҳуҷҷатнигорӣ ва забони расмӣ дар ин кишвар дар баробари забони русӣ боз ба се забон – ӯзбекӣ, қирғизӣ ва туркманӣ сурат гирифта, мавқеи расмию давлатии забони форсии тоҷикӣ боз ҳам маҳдудтар шуд. Дар натиҷаи нисбат ба тоҷикон сиёсати нодурустро пеш гирифтани роҳбарияти ҶМШ Туркистон ин миллати қадимтарини Осиёи Миёна аз қисми зиёди сарзамини аҷдодиаш маҳрум гардид. Ягона маҷаллаи форсии тоҷикии «Шӯълаи инқилоб», ки дар Самарқанд аз 10 апрели соли 1919 нашр мегардид, моҳи декабри соли 1921 баста шуд.

ПАНТҮРКИСТОН ДАР ҶХШ БУХОРО ЧӢ
ГУНА МУҚОБИЛИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
МУБОРИЗА БУРДАНД?

Нахустин нозири маориф дар ҷумҳурии навбунёд Қ. И. Пӯлодов интихоб гардид. 11 марти соли 1921 Шӯрои Нозирони Халқии Ҷумҳурии Бухоро бо сарварии Ф. Хоҷаев дар қаламрави мамлакат забони туркиро ба таври расмӣ забони давлатӣ эълон намуд, ки ӯро ҳамсафонаш Наҷиб Ҳусайнови тотор, Олимҷон Оқчурин ва Абдурауфи Фитрат дастгирӣ мекарданд. Ҳатто туркпарасти ашаддӣ Абдурауфи Фитрат, ки соли 1921 Нозири маориф ва соли 1922 ҷонишини раиси Шӯрои Нозирони Халқии Бухоро буд, барои ба забони форсии тоҷикӣ сухан гуфтан ҷарима ҷорӣ карда буд.

Таърихи пурҳангомаи таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон (1924) достони басе ғамангез ва ибратомӯз аст. Сарварони ҶХШ Бухоро, аз ҷумла Файзулло Хоҷаев, Абдуқодир Муҳиддинов, Абдулло Раҳимбоев, Абдурауфи Фитрат, Наҷиб Ҳусаинов зери таъсири ғояҳои туркпарастӣ монда, дар он лаҳзаҳои ҳалкунанда, манфиати миллат ва давлати тоҷиконро пуштибонӣ накарданд.
Ҳангоми тақсимоти ҳудуди миллӣ тоҷикон ягона мардуме буданд, ки бо хиёнату саҳлангории фарзандони нохалафаш ҳуқуқҳои маънавӣ, марзу буми ҷуғрофӣ, ҳудудҳои таърихӣ ва мероси ғании фарҳангиаш ба эътибор гирифта нашуд. Дар натиҷаи хиёнати Раиси ШКХ ҶХШ Бухоро Ф. Хоҷаев ва Раиси КИМ-и Туркистон А. Раҳимбоев, ки худ тоҷик буданд, тоҷикон аз таъсис додани Ҷумҳурии соҳибихтиёр маҳрум монданд.

Дар маҷлиси 5-уми Комиссияи тақсимоти ҳудуди миллӣ 1 августи соли 1924 масъалаи «Дар бораи вилояти Мухтори Тоҷикистон ва ҳудуди он» баррасӣ гардида, роҳбари гурӯҳи комиссияи сарҳаддии тоҷикон А. Ҳоҷибоев аз қолаби тавсиякардаи сарварони Комиссия берун баромада натавонист. Ӯ ҳатто аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон Бухоро, Самарқанд ва Хуҷанд даст кашида, сараввал деҳаи Қаротоғ ва сипас, Душанберо ҳамчун пойтахти вилояти Мухтори Тоҷикистон пешниҳод намуд. 11 октябри соли 1924 Бюрои Сиёсии КМ ҲК(б) Россия зарур шуморид, ки ба ҷои Вилояти Мухтор Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати ҶШС Ӯзбекистон ташкил карда шавад. 14 октябри соли 1924 бо пешниҳоди КИМ-и Умумируссиягӣ ва КИМ-и Туркистон Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон таъсис дода шуд.

пешина
аз 395
навбатӣ