Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ЧАРО «ЛОИҲАИ ЧИЧЕРИН»
ҚАБУЛ НАШУД?

Яке аз давлатмардони барҷастаи Шӯравӣ ва Комиссари Халқии корҳои хориҷӣ Георгий Чичерин ба ақидаи шарқшиноси рус такя намуда, лоиҳаеро пешниҳод намуд, ки он дар таърих бо номи «Лоиҳаи Чичерин»
зикр шудааст. Мувофиқи ин лоиҳа дар ҳудуди Осиёи Миёна Ҷумҳурии Тоҷикистон мебоист ҳамчун ҷумҳурии бузургтарин таъсис ёфта, ба ҳайати он Ҷумҳурии Мухтори Ӯзбекистон шомил мегардид. Вале аз сабаби сиёсати густурдаи қудратхоҳии ҳукуматдорони Россия ва дар ҳайати мутасаддиёни масъалаи марзбандии ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна зиёд будани ҳомиёни туркпарастон «Лоиҳаи Чичерин» қабул нагардид.

ҶМШС ТОҶИКИСТОН КАДОМ ҲУДУДҲОРО
ДАР БАР МЕГИРИФТ?

26 ноябри соли 1924 Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) – раиси Кумитаи Инқилобии ҶМШС Тоҷикистон таъйин шуда, 3 феврали соли 1925 бо ҳайати пурраи Ҳукумат ба Душанбе омад. Ҳудуди ҶМШС Тоҷикистон 12 волости ҶМШС Туркистон, қариб тамоми ҳудуди округи Бухорои Шарқиро бо вилоятҳои Ғарм, Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, ҳамчунин, вилоятҳои Панҷакенту Ӯротеппа ва баъзе ноҳияҳои Самарқанд фаро мегирифт. Вилояти Помир, ки пештар дар ҳайати ҶМШС Туркистон буд, аз 2 январи соли 1925 ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва ба ҶМШС Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.

пешина
аз 395
навбатӣ