Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Тайи солҳои 1924–29 барои таъсисёбии Ҷумҳурии мустақили сотсиалистии Тоҷикистон заминаҳои имконпазир фароҳам омад. 12-уми июни 1929 Президиуми КИМ-и ИҶШС ахбороти Ҳукумати ҶМШС Тоҷикистонро дар ҳайати Ўзбекистон шунида, аз рӯи нишонаҳои иқтисодӣ, миллӣ ва ҷуғрофӣ таъсис додани Ҷумҳурии ҷудогонаи Тоҷикистон ва ворид шудани онро ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ чун Ҷумҳурии иттифоқӣ маъқул шуморид.

Нусратулло Махсум ҳангоми қироати эъломия дар бораи ҷумҳурии мустақиди сотсиалистӣ эътироф гардидани Тоҷикистон. Душанбе, ноябри соли 1929.

БАРҚИЯИ СТАЛИН ЧӢ НАТИҶА ДОД?
17 июни соли 1929 Бюрои Кумитаи Иҷроияи КМ (б) Ўзбекистон масъалаи «Барқияи рафиқ Сталинро оид ба ҷудо намудани ҶМШС Тоҷикистон аз ҳайати Ўзбекистон чун Ҷумҳурии иттифоқӣ» баррасӣ намуда, маъқул шуморид. Бюрои мазкур дар ҳамин ҷаласа қарор қабул кард, ки ба пешниҳоди КМ ҲКУ (б) ҳамовоз шуда, таъсис додани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро чун Ҷумҳурии алоҳидаи иттифоқӣ дастгирӣ менамояд.
11 сентябри соли 1929 Сессияи дуюми КИМ-и Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон гузориши рафти сохтмони маданию иқтисодии Тоҷикистон ва пешомадҳои онро шунида, қарор қабул намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии мухтор аз ҳайати Ўзбекистон ҷудо карда шавад ва чун Ҷумҳурии мустақили сотсиалистӣ ба ҳайати ИҶШС ворид гардад. 15 октябри соли 1929 дар Душанбе Анҷумани сеюми фавқулодаи умумитоҷикии Шӯроҳо кори худро оғоз намуда, 16 октябр дар ҷамъомади серодами Майдони Хонаи Деҳқон (ҳоло Театри русии драмаи ба номи В. Маяковский) дар ҳузури вакилони анҷуман Эъломияи таъсис додани ҶШС Тоҷикистон қабул гардида, чун ҷумҳурии мустақил аз ҳайати Ўзбекистон ҷудо шуд. 24 феврали соли 1931 Анҷумани чоруми Шӯрои Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Конститутсия (қонуни асосӣ)-и Тоҷикистонро қабул намуд, ки он заминаи қонунӣ ва идоракунии ҷумҳуриро бунёд гузошт.

Комиссия оид ба ҷудо намудани Тоҷикистон аз ҳайати Ўзбекистон (бо раисии Макеев) аз 25 июл то 8 сентябри соли 1929 масъалаҳои баҳсноки марзию ҳудудиро баррасӣ менамуд. Баҳсҳо бештар дар атрофи ба Ҷумҳурии Иттифоқии Тоҷикистон додани Бухорою Самарқанд ва қисми ҳудудҳои округи Сурхандарё авҷ гирифта, ҳалли ин мушкилот мувофиқи пешниҳоди Макеев муддате мавқуф гузошта шуд. Аз шаҳрҳои бостонии тоҷикони минтақа ба Ҷумҳурии навбунёди Сотсиалистии Тоҷикистон танҳо вилоят ва шаҳри Хуҷанд ҳамроҳ карда шуд.

пешина
аз 395
навбатӣ