Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
АСОСҲОИ БУНЁДИ
ҶОМЕАИ СОТСИАЛИСТӢ
Баъди таъсиси ИҶШС ва тақсимоти ҳудудҳои миллӣ азнавсозии ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат оғоз ёфта, барои бунёди ҷомеаи сотсиалистӣ вазифаҳои мушаххас дар се самт муайян гардиданд: 1. Саноатикунонии мамлакат; 2.
Коллективонидани кишоварзон; 3.
Инқилоби фарҳангӣ. Ҳукумати ИҶШС барои ақиб намондан аз мамлакатҳои капиталистӣ ва рушди босуръати саноат мақсад дошт, ки сиёсати саноатикунонии кишварро пеш гирифта, бо ин восита ИҶШС-ро аз давлати аграрӣ ба мамлакати абарқудрати саноатӣ табдил диҳад. Бо ин мақсад, ҳама гуна фаъолияти хусусӣ дар соҳаи саноат манъ гардида, корхонаҳои саноатӣ ба моликияти давлатӣ табдил дода шуданд.
Тибқи барномаи саноатикунонии ИҶШС
нахустин заводи тракторсозӣ
дар Сталинград соли 1926 сохта шуд.
САНОАТИКУНОНИИ МАМЛАКАТ ЧӢ ГУНА
ОҒОЗ ЁФТ?
Саноаткунонӣ дар Тоҷикистон аз бунёди заводҳои пахтатозакунӣ шурӯъ гардид.
Солҳои 1930–38 заводҳои пахтатозакунии Кӯлоб, Саройкамар (Панҷ), Фарҳор, Қӯрғонтеппа, Чилликул, Хуҷанд, Конибодом, Регар (Турсунзода) бунёд ва навсозӣ гардиданд, ки то соли 1940 шумораи онҳо ба 11 адад расида, барои корхонаҳои ИҶШС ашёи хоми маҳаллиро омода мекарданд.
Солҳои 1931–32 сохтмони НОБ-и Варзоб (иқтидораш 7500 квт/соат), соли 1933 истгоҳи барқи дизелии Сталинобод ба кор шурӯъ карда, то соли 1940 шумораи истгоҳҳои барқӣ ба 40 адад расид, ки ба миқдори 62,1 млн квт/соат нерӯи барқ истеҳсол мекарданд. Саноати коркарди маъдан низ дар заминаи конҳои маъдани Қарамазор, Такоб, Адрасмон ва Консой (1933–1938) рушд карда, боиси тараққиёти саноати филиззоти ранга гардид, ки Тоҷикистонро дар муддати хеле кӯтоҳ ба кишвари аграрию саноатӣ табдил дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё