Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

НаврасонКӯдаконМаърифат
Аз аввал хондан

КАДОМ КОРХОНАҲОИ САНОАТИ САБУК
ТАЪСИС ЁФТАНД?

Соли 1932 навбати аввали фабрикаи абрешимбофии «Бофандаи Сурх»-и Хуҷанд ва фабрикаи пиллакашии Сталинобод ба кор оғоз карданд. Ҳамзамон соли 1942 дар Сталинобод комбинати бофандагӣ ба кор даромад. Солҳои 1932–1938 дар мамлакат заводҳои равғанбарории Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб, заводҳои консервабарории Хуҷанд, Қистакӯз ва Исфара, комбинати орди Янгибозор (Ваҳдат) ва Қӯрғонтеппа, заводи нонпазӣ ва комбинати гӯшти Сталинобод ва ғайра ба кор оғоз карданд, ки ин пешрафти ҷиддӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ буд. Бо мақсади омода намудани кадрҳо барои корхонаҳои бунёдгардида, дар назди заводу фабрикаҳо омӯзишгоҳҳо ташкил карда шуданд, ки барои омода кардани мутахассисон аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ мусоидат намуданд.
Бо мақсади барпо намудани муносибатҳои истеҳсолии сотсиалистӣ дар деҳот ва табдили хоҷагиҳои хурди фардӣ ба хоҷагиҳои истеҳсолии бузурги ҷамъиятӣ фаъолияти тамоми кишоварзон тавассути хоҷагиҳои коллективӣ ба роҳ монда шуд. Дар натиҷа заминҳои мулкӣ (заминҳои сарватмандон) ва заминҳои вақфӣ (заминҳои муассисаҳои динӣ) барҳам дода шуда, замин ба моликияти давлатӣ табдил ёфт ва ба деҳқонони камбағал дода шуд. Нахустин кооперацияҳои деҳқонӣ дар шакли рафоқати обёрӣ, артелҳои кишоварзӣ ва ширкати якҷояи замин пайдо шуданд. То 1 октябри соли 1929 дар Тоҷикистон 209 адад хоҷагии коллективӣ – колхозҳо таъсис ёфт, ки онҳо 2888 хоҷагии хурд ва яккадастро муттаҳид мекарданд. Ибтидои соли 1938 шумораи хоҷагиҳои коллективӣ ба 3848 адад расид, ки аз ин 2553 ададаш ширкатҳои якҷояи коркарди замин буданд.

Бо техникии кишоварзӣ таъмин намудани хоҷагиҳои коллективӣ (колхозҳо) боиси ҳавасмандии деҳқонон ва баландшавии ҳосилнокӣ гардид. Соли 1933 шумораи МТС-ҳо (Истгоҳҳои мошину тракторӣ) дар ҷумҳурӣ ба 18 адад ва шумораи техникаи онҳо 1085 адад расида, 46,3% заминҳои колхозҳоро бо тракторҳо шудгор карданд. Соли 1940 шумораи МТС-ҳо ба 51 адад расид, ки онҳо 3884 трактор, 137 адад комбайн ва 1533 адад мошинҳои боркашро дар ихтиёр доштанд. Дар натиҷа истеҳсоли пахта аз 57 ҳазор тоннаи соли 1933 дар соли 1938 беш аз се баробар (183 ҳазор тонна) афзуд. Зарурияти обёрии заминҳои бекорхобида барои рушди кишоварзӣ боиси бунёди Канали калони Вахш (1930–1933), Канали калони Фарғона (1939–1940), Канали калони Ҳисор (1940–1941) гардид. Дар маҷмӯъ, коллективикунонии соҳаи кишоварзӣ низоми мукаммали мубодилаи захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатиро миёни соҳаҳои кишоварзӣ ва саноат ба вуҷуд овард, ки дар муддати кӯтоҳ ИҶШС-ро ба кишвари абарқудрат табдил дод.
КОЛЛЕКТИВОНИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ЧӢ ПАЁМАДҲОИ МАНФӢ ДОШТ?

Ба андешаи баъзе аз муаррихон гуруснагии оммавие, ки солҳои 1932–33 ИҶШС-ро фаро гирифта, тибқи омори гуногун аз 2 то 8 млн нафар бар асари он қурбон шуда буданд, натиҷаи коллективикунонии соҳаи кишоварзӣ буд. Ҷонибдорони ин назария паёмҳои манфии коллективирониро чунин шарҳ додаанд:

  • Дар натиҷаи коллективкунонӣ аз се ду ҳиссаи деҳқонони Россия аз заминҳояшон маҳрум шуданд, ки ин раванд онҳоро барои меҳнат дар замин дилсард намуда буд.

  • Куштани аз ниҳоят зиёди чорво аз ҷониби чорводорон бо мақсади ба фермаи колхозҳо надодани он, камбуди хӯроки чорво ва ғайра сабаби ниҳоят кам гаштани чорво ва авҷи гуруснагӣ гардид.

  • Мубориза бо табақаи бою кулакҳо боиси бадарға ва маҳрум шудани 6-7 млн нафар аз заминҳояшон гардид, ки ба норасоии қувваи корӣ сабаб шуд.

пешина
аз 395
навбатӣ