Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ИНҚИЛОБИ ФАРҲАНГӢ
Инкилоби фарҳангӣ тақрибан соли 1929 шурӯъ гардида, аз бастани мактабҳо, мадрасаҳо ва муассисаҳои таълимии низомашон куҳна оғоз ёфт.
Сиёсатмадорони Шӯравӣ мегуфтанд, ки сохти сотсиалистӣ низоми куҳнаи амириро сарнагун намуда, синфи ҳукмрон – муллою сарватмандонро саркуб сохт, аммо тафаккури одамон мисли пешина боқӣ мондааст, аз ин рӯ, бояд сараввал ҳама сарчашмаҳои маънавӣ ва китобу рисолаҳои куҳнаи бо хати арабиасос навишташуда несту нобуд карда шаванд. Баъдан, ба ҷои табақаи куҳнаи муллоҳо, мударрисон ва китобнависон бояд дар ҷомеа табақаи нави зиёиён – муаллимон, ходимони матбуот, санъаткорон ва аҳли маорифи нав тарбия карда шаванд, ки ҷаҳонбинии марксистӣ-ленинӣ доранд. Бо ҳамин, миллати тоҷик аз решаи фарҳанги аҷдодӣ бурида шуд ва ҳар кӣ бо алифбои форсӣ савод дошт, «бесавод» эълон карда шуд.
ДАСТОВАРДҲОИ ИНҚИЛОБИ ФАРҲАНГӢ
Барои маҳви бесаводӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеа соли 1930 маълумоти ҳатмии ибтидоӣ ва политехникӣ ҷорӣ карда шуд ва то соли 1939 диққати асосӣ ба он равона гардид. Аз солҳои 1940–41 масъалаи гирифтани маълумоти миёна матраҳ шуда, барои ин 30 муассисаи миёнаи таълимӣ фаъолият мекард.
Ҳамчунин, барои омода намудани кадрҳои соҳибихтисос дар ин давра Донишкадаҳои омӯзгорӣ (1931), кишоварзӣ (1934) ва тиббӣ (1939) Тоҷикистон таъсис ёфта, ба фаъолият шурӯъ карданд. Барои фаро гирифтани мардум, аз ҷумла, занон ба таълим мактабҳои маҳви бесаводӣ ташкил шуданд, ки соли 1931 шумораи ин макотиб ба 2100 адад мерасид. Солҳои 30-юм дар Тоҷикистон 9 рӯзномаи ҷумҳуриявӣ, 47 маркази радиошунавандӣ, даҳҳо театр, кинотеатр ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ бунёд гардиданд, ки барои рушди минбаъдаи ин соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё