Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ИНҚИЛОБИ ФАРҲАНГӢ БАРОИ
ТОҶИКОН ЧӢ ПАЁМАДҲОИ МАНФӢ
ДОШТ?
Инқилоби фарҳангӣ баробари саводнокшавии оммавии мардум ба несту нобуд кардани садҳо ҳазор нусха китобҳои нодири илмию адабӣ, таърихномаҳо ва рисолаҳои тиббию риёзӣ боис гардид. Масалан, омӯзгор Асомиддин Салоҳӣ соли 1927 барои нигоҳ доштани дастхату китобҳои форсӣ дар хонаи худ (китобҳои «Ҳикмат», девони Туғрал ва дигар адибони гузашта) ҳабс шуда буд. Ҳамчунин яке аз табибони бухороӣ Ғиёсиддини Ҳакимчаро барои он ҳабс намуданд, ки дар хонааш китобу рисола ва дастурҳои тиббии бо ҳуруфи арабиасос навиштаро нигоҳ медошт. Китобҳои ӯро дар рӯи ҳавлиаш сӯзонида, молу мулкашро давлатӣ намуданд. Раҳим Ҳошим дар хотираҳояш ёдоварии намудааст, ки се моҳи зимистон ҳабсхонаи Истаравшан ва ҳаммоми он бо сӯзондани китобҳои қадимае, ки аз мардум рабуда буданд, гарм карда мешуд. Дар баробари маъмурони давлатӣ шахсони алоҳида низ ба хотири ҳимояи ҷону моли худ китобҳояшонро бо роҳҳои гуногун несту нобуд ва ё пинҳон мекарданд, ки дар натиҷа ҳазорҳо китоби аҷдодӣ нобуд шуданд. Иду маросими динӣ, аз ҷумла Иди Рамазон, Иди Қурбон, доштани рӯза ва риояи дигар аҳқоми динӣ расман манъ карда шуданд. Ҳатто ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон ва дигар ҷашнҳои қадимаи тоҷикон, ки ба дин робитае надоштанд, чун урфу одатҳои зарарнок муддате аз байн бурда шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё