Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Давлатҳои асдиисломии Эронзамин қабл аз ҳодисаи муғул
АВҶИ ШУКУФОИИ ДАВЛАТИ
ЗИЁРИЁН КАЙ БУД?
Шамсулмаолӣ Қобус ибни Вушмгир аз шинохтатарин подшоҳони Зиёриён (967–1012) буда, авҷи шукуфоии ин давлат ба замони ӯ рост меояд. Охирин намояндаи давлати Сомониён – Мунтасири Сомонӣ аз таъқиби Маҳмуди Ғазнавӣ муддате дар шаҳри Рай зери паноҳи Қобус ибни Вушмгир осудааст. Қобус баробари ҳомии илму адаб буданаш, табъи баланди шоирӣ низ дошт ва ҳамчун олиму хаттоти беҳамто маъруф буд. Ӯ мақоми забони модарии хеш – форсии дариро пос дошта, дар дарбораш Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ барин нобиғаҳои замонро сарпарастӣ кардааст.
ДАВЛАТИ ЗИЁРИЁН КАДОМ
ҲУДУДҲОРО ФАРО МЕГИРИФТ?
Зиёриён худро вориси сарзаминҳои Эрони таърихӣ шуморида, қисме аз онро бо Гургон, Дайлам, Табаристон, Гелон, Қазвин, Рай, Исфаҳон, Ҳамадон ва Хучистон зери назорат доштанд. Пойтахти Зиёриён аввал шаҳри Исфаҳон ва баъдан шаҳрҳои Рай ва Гургон будааст.
ЧАРО ЗИЁРИЁН ИСТИҚЛОЛРО АЗ ДАСТ ДОДАНД?
Баъди марги Қобус писараш Фалакулмаолӣ Манучеҳр (1013–1032) ба тахт нишаст. Ӯ ихтиёран тобеи Ғазнавиён гардид, то кишварашро аз хунрезӣ ва тохтутози Султон Маҳмуд нигоҳ дорад. Воқеан, замони ҳукмронии ниммустақилонаи ӯ яке аз оромтарин давраҳои давлатдории Зиёриён мебошад. Баъд аз марги ӯ писараш Анӯшервон ибни Манучеҳр (1032–1044) дар муқобили Туғрили Салҷуқӣ истодагӣ карда натавонист ва соли 1043 тобеи давлати Салҷуқиён гашта, истиқлолро аз даст дод. Охирин намояндаи хонадони Зиёриён Унсурулмаолии Кайковус мебошад, ки номаш дар маъхазҳои таърихӣ ҳамчун муаллифи «Қобуснома» зикр шудааст. «Қобуснома» бо забони шевои форсии дарӣ иншо шуда, чун рисолаи ахлоқиву тарбиявӣ то имрӯз мавриди таваҷҷуҳи хонандагон дар ҷаҳон аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё