Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа
Яке мегуфт: се сӯмӣ бас будагист? Дигаре ба ғазаб омада: - Э, ту чӣ гуфта истодай, арвоҳи вай аз мо норозӣ мешавад! Дар ин қишлоқ боз Иброҳим барин марди ба нону намак меояд ё не, Худо медонад? Сари ҳар касе панҷсӯмӣ диҳем, кам аст, фарзандони хуб дорад, қарздор шаванд ҳам, кор мекунанд, оҳиста-оҳиста қарзашонро мекананд. Баъд яке аз «оқсоқолҳо» бо бародари марҳум - Ислом маслиҳат кард. Ислом фикри «оқсоқол»-ро шунида, ғазаболуд гуфт: «Медонам, ки бародари ман ба ҳарчӣ меарзад. Лекин фаромӯш накунед, ки ӯ боз ҳашт фарзанд дорад, раҳми онҳоро низ хӯрдан лозим. «Э, хуб содда будӣ, ризки фарзандоша Худо медиҳад» - илова кард сардори маърака...
Ба ақидаи мо мардум, ба хонаи азодор на барои ситонидани чор-панҷ сӯм, балки барои бо марҳум видоъ кардан, хотираи некашро ба ёд овардан, ба зану фарзанд, акаю додар ва хешовандонаш дилбардорӣ намудан меоянд. Вале маросимҳои дафнро дар аксари навоҳии ҷумҳурии мо мисли тӯйҳо баҳс - мабаҳс мегузаронанд: канӣ, кӣ аз ҳама бештар сарфу хароҷот мекунад!
Боре дар ҷамъомаде аз гап гап баромаду аз маргу мотам сухан оғоз ёфт. Яке аз ҳозирон ба ҳамсӯҳбаташ савол дод: - Сӯфӣ Карим, дирӯз дар ҷанозаи Шариф иштирок кардӣ?
-
Ҳа, - гуфт ҳамсӯҳбаташ ва илова кард, - ту набудӣ?
-
Не, чандпулӣ обрӯяш карданд?!
-
Ду сӯмӣ, - гуфт дар ҷавоб Сӯфӣ Карим.
-
Ҳай, бачаҳои мумсику ҳасис дорад-дия! Обрӯи падара ба замин заданд, - табъи ҳамсӯҳбати Сӯфӣ Карим хира шуда гуфт: - Қанд зананд бачаҳои Ҳаким. Худашонро таги қарз монданду падарашонро ба обрӯю дабдаба гӯронданд...
Кас аз шунидани чунин суҳбатҳо дар ҳайрат мемонад: наход фоидаи мурдадорӣ дар сарфу хароҷоти беҳуда бошад? Охир дӯстони азиз, чӣ тавре дар урфият мегӯянд, ки тоқиамонро аз сар гирифта, каме фикр кунем. Оё ҳамин кор дуруст аст?! Халқ «як мурда хонаи даҳ зиндаро сӯхта меравад» гуфта, шояд маҳз ҳамин оши сари тахтаю токувор (иритиши) пулу молтаксимкунӣ, маъракаҳои се, ҳафт, бист, сол, бегоҳи ҷумъа, сари сол ва боз солшиканҳоро дар назар дорад.
Рӯзи якшанбе деҳа рафтам, шунидам, ки оши соли Ҳакимро медиҳанд. Се нафар сари қадам ба ҳавлиаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё