Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

ФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

даромадем. Аз ду тараф кўрпачаю дастархонҳои дароз партофтагӣ, рўи он нону қанди фаровон рехтагӣ. Дар гўшаи ҳавлӣ деги шўрбо дар ҷўш. Пеши ҳарду нафар яккарсонӣ шўрбо ва пораҳои калон-калони гўшт истодааст. Як тараф чор-панҷ нафар мўйсафедон, аз рў ба рў чанд тан ҷавонон ба табақаҳои шўрбо нон реза карда, бо иштиҳо дулунҷа мезаданд. Мо низ рўи кате нишастем. Аз шину хези мардум чашм намекандам. Мўйсафедон ду-се нон ва гўшту қандҳои пешашонро ба рўймолҳошон печонанда мебурданд. Ногоҳ ҷавонеро дидам, ки шаш нону қандҳои дастархонро ба рўймолаш печонанда, даст ба «дуо» кашиду «оллоҳу акбар» гўён бардофта рафт. Беихтиёр «хўрданаш-ку хўрдан, бурданаш чӣ номаъқул кардан аст» гуфтани халқ ба ёд омад. Чунин расму оинҳои ба ҷамъияти мо зараровар дар аксар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар шаклҳои гуногун вуҷуд доранд. Мо онҳоро мебинем, вале чун мушоҳид худро канор мегирем. Мо намегўем, ки инсони даргузаштаро ба хок супорему вассалом! Бо ҳамин дигар ёди ў накунем. Не, ҳаргиз не! Ҳатто баъзе собиқадорони ҷангу меҳнат ба ҷои он ки баъди ба нафақа баромадан дар байни ҷавонон корҳои тарбиявиро вусъат диҳанд, расму оинҳои навро дар ҳаёт ҷорӣ намоянд, худашон дар байни омма намуна бошанд, сарулибоси тоза пўшида, давлати пирӣ ронанд, баръакс побанди урфу одатҳои ба халқи мо бегонаро таблиғ менамоянд, бо сарулибосҳои обшуставу гичим ва шиками нимсер мегарданду пули нафақаашонро «барои ҳайрот ва гўру кафан» ҷамъ мекунанд. Ҳатто ба фарзандон ва наздиконашон пешакӣ васият мекунанд, ки ба «ҷанозахон»-ҳо ҳазор-ҳазор сўм медиҳанду ба қабри марҳум ба дусад-сесад сўм лавҳаи ёдгорӣ намемонанд.

Оё номи падару модар, фарзанд ва ё бародари худро баъди аз олам гузаштан фаромўш кардан ва ё нисбат ба оромгоҳи онҳо бепарво шудан аз рўи инсоф аст?

Камина дар зиндагӣ як гуноҳи афвновупазире содир кардаам. Ҳар гоҳе ёдам ояд, тамоми вуҷудам месӯзад...

Соли 1972 модарамро ба хок супурдем. Ҳар сари чанд вақт ба зиёрати оромгоҳаш мерафтам. Боре бо сабабҳои серкорӣ аз байн вақти зиёде гузашту ҳамроҳи писарам Бахтиёр ба зиёрати манзили ӯ рафтем ва писарам аз ман пурсид: - «Дада, оромгоҳи бибиям кадом аст?» Азбаски ба рӯи манзилаш

пешина
аз 173
навбатӣ