Зеҳн
Лутфи сухан

Ин китоб ба баррасии масъалаҳои адабиёт, суханварӣ ва фарҳанги тоҷик бахшида шудааст. Муаллиф дар он дар бораи зебоии забон ва санъати сухан андешаронӣ кардааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 173 саҳифа

АдабиётФарҳанг
Аз аввал хондан

Ҳақ ба ҷониби раис аст. Халқ беҳуда нагуфтааст, ки «Аз як даст садо намебарояд».

Ёд дорам, ки чанд сол пеш аҳли деҳа, хешу табор, шиносони дуру наздик ва ёру дӯстон ба хайрбоди марҳум бо худ аз панҷ то 30-40 метр читу сатин, баъзеҳо ҳатто атласу бахмал ва ғайра меоварданд. Ду-се шахси холис чанд кас чи қадар матоъ оварданашро ба рӯйхат мегирифт. Сонӣ аз мурдадор ҳам дусад-сесад метр матоъ рӯёнда, ҳамаабро ба ҷамъомадагон тақсим мекарданд. Баъзан як-якуним, баъзан то панҷ-шаш метрӣ мерасид. Аксар вақт матоъпораи аз маросими дафн расида беҳуда исроф мешуд.

Мардуми деҳа оҳиста-оҳиста аз ҳамин исрофкориҳо даст кашиданд. Акнун дар як гӯшаи ҳавлӣ боз ҳамон ду-се нафар шахсони «холис» коғазу қалам дар даст мешинанд. Ба онҳо ҳар каси ба таъзия омада, аз рӯи ҳимматаш аз панҷ-даҳ то сӣ-чил сӯмӣ медиҳад.

Пули аз халқ омада ба дуним-се, баъзан то чор ҳазор сӯм мерасад. Лекин бадии кор он аст, ки ду-се нафар ба ном «оқсақол»-и маҳалла ташаббусро ба даст гирифта, назди соҳиби мурда масъаларо кӯндаланг мегузоранд: «мо қарор кардем, ки ба халқи омада, панҷсӯмӣ диҳем. Илова ба пули ҷамъшуда ту бояд боз як ё якуним ҳазор диҳӣ...»!

Кӣ адолату инсоф? Ё барои ҳамин лофи мусулмонӣ мезананд? Аз мурдадорон пул рӯёндан дар кадом қолаби мусулмонӣ мегунҷад? «Болои мурда сад чӯб» гуфтани мардум шояд аз ҳамин бошад? Аз ҳисоби мусибатзадагон Ҳотами Той шудан ҳам осон будааст. Дар чунин рӯзҳои сахт наход ин панди Саъдии бузургвор ба ёдамон наояд, ки фармудааст:
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Агар ҳамон пули аз халқ ҷамъшударо, ки ду-се ҳазор мешавад, ба дасти зану фарзанд, ё падару модари марҳум диҳему гӯем, ки ягон камбудиатро буд кун, гирду атрофи оромгоҳи марҳумро ба тартиб ор, ба фикрам айни савобу одамгарӣ мешавад.

Иброҳим ном марди номдори деҳаамон аз олам даргузашт. Хешу табор ва ёру дӯстони зиёде дошт. Одами бисёр ба ҷаноза омад, хеле пул ҳам ҷамъ шуд. «Оқсақолон»-и маҳалла маслиҳат карданд, ки ба халқ чандсӯмӣ додан лозим?

пешина
аз 173
навбатӣ