Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Орзу дорам, ки нисбати дурӯғгӯён қонун ҷорӣ намоянд.
Хуб медонӣ, ки ҷойи ҳамаамон нестӣ. Пас... Чаро бояд ғами беҳуда хӯрӣ. Нафаре гӯш бикун, он дардро кам масозад. Агар нашуд, китобе бихон он метавонад ғами дилатро кам созад.
Писарбачае, ки ҳар рӯз табақчаи оловдори испанд дар даст мегашт. Пурсидам, ки зиндагӣ чист?
- Ман танҳо дуди испандро мефаҳмаму халос. Шояд ин тифл хушбахттарин ё бадбахттарин инсонҳо бошад.
Хонандаи азиз худ биандешед.
Инсон бояд тамоми умр омӯзад ва пайи ҷустуҷӯ бошад. Ин роҳи ягонаест, ки ман худ медонам. Масалан Диоген даст аз дунё шуста хумеро ҷойи хоб интихоб намуд ва омӯхт. Хӯрокашро аз ахлотҷойҳо пайдо мекард. Ба ҳама мушкилӣ даст аз омӯзиш накашид.
Суқрот андешаҳояшро сабт намекард. Хонаашро гуфта мегузашт. Ҷумлаи машҳури Суқрот «Ман медонам» ва «Худошинос аст».
Худ бубинед, ки ҳар омада ва рафтагон роҳи худро доштанд. Бо ҳама азобҳо тавонистанд, ки чизе ба мо гузоранд. Ту ҳам боре бикӯш, ки баъди аз марг чизе аз худ гузорӣ ва ёдат кунанд.
Ба хулосае омадам, ки аксарият барои аз камбудиҳо раҳо ёфтан ва ислоҳи гуноҳу камбудиҳо кӯшиш накарда баръакс гуноҳи худро зиёд мегардонанд. Дар ин мавзӯъ камбудиҳои ҳамсарам сухан гуфтан намехонам. Дар 8 ҷилд китобҳо он қадаре гуфтам, ки дастонам обила карданд. Камбудии одамони асри XXI дар он аст, ки паси луқма метозанд. Касе дар фикри дониш нест. Дурӯғгӯиву ҳаромӣ то ба авҷи аълояш расидааст. Касе лаҷоми инро намегирад ва гирифтан ҳам намехоҳад.
Ҳеҷ кас бо камбағал салом кардан намехоҳад. Ин андешаи марди роҳгузаре буд. Ман тамоман ба ин розӣ нестам. Бой ҳам рӯзе камбағал буд.
Савдогаре молашро таъриф кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё