Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман аз куҷо бовар кунам, ки шумо рост мегӯед?
  • Агар мо савдогарон гапи ростро бигӯем, касе ба мо бовар намекунад.
    Бозор ҷойи фанду фиреб аст. Ки киро тавонад...
    Аз тилло дида дар ҳаёт қимматтар чист? Касе агар бидонад, тамоман ҷилдҳои китобҳои ҳамин бандаро тӯҳфа мегирад.

На ҳама чашмҳо мебинад. На ҳар бино даъвои диданро дорад. Диди қалб беҳтарин биниш аст, аммо на ҳама ин қудратро доранд.

Шунида тавонистан ҳунар аст.

Ҳар як нависанда барои ҳамсаронаш чизе медиҳад, аммо афсӯс худ ба хоки тар табдил меёбанд.

Дурӯғ мегӯям, лекин ҳаракат мекунам, ки камтар дурӯғ гӯям.

Одамон донову нодон шудаанд.

Агар реша дар камобист месабзад. Агар сероб ё беоб монад, аниқ меҳушкад.

Ба одамоне, ки даҳшати дардро начашидаанд маслиҳати бародарона медиҳам. Худо гӯяд то саба дарде гирифтор нашавед. Хатои ҷиддине кардед фаромӯш накунед, ки ба ғазабу дардаш гирифтор хоҳед шуд. Ӯ ҳамаро мебинад ва намебахшад.
Ба дард гирифтор шудӣ, хуб биандеш, ки чӣ гуноҳе кардӣ? Киро озор додӣ? Чӣ хатои ҷиддине нобахшиданӣ кардаӣ? Барои гуноҳат бахшиш бипурс. Ҷойи паноҳе рав ва аз сидқ чунон бинол, ки раҳми Худо ояд ва шояд каме бошад дардатро сабук гардонад. Китоби муқаддаси «Қуръон»-ро ба баландие бимон зораву тавалло бикун, ки оҳатро ба Худо расонад.

Ба гурбае, ки соҳибаш онро аз ҷурми камбизоатӣ дар кӯча партофта буд назар кардам. Ӯ ба ман менигаристу ман ба ӯ. Фикр кардам, ки гурба ин соатҳо чӣ фикре дар сар дошта бошад. Ҳайвони безабон гӯё чизе ба ман гуфтан мехост. Афсӯс

пешина
аз 213
навбатӣ