Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
забони ин ҷонвари бачаро намедонистам. Шояд ӯ аз ман мадад мехост. Ман ба дил мегуфтам, ки ҳоли ман аз ҳоли гурба бадтар аст. Ман худ ҳайворон шудаам ва маро кайҳо аз хонам рондаанд. Зери борони маломати тақдир тар шудаам. Сағираи сағирхоям. Танҳо метавонам қавл диҳам, ки нисфи нони ёфтаамро ба ту медиҳам. Гурба ба ман одат карда буд. Рӯзе ӯ ба пешвозам набаромад. Зери долони биноро дидам, ки гурба мурда буд. Аниқ ӯ аз ғам фавтида буд.
Мегӯянд, ки хушбахт онест, ки майнаи сараш ба қавле вайрон аст. Ман ба ин ақида тамоман розӣ нестам. Баъзе аз Худо талаб мекунанд, ки ақлашонро дар пирӣ нагирад. Ин дуо хуб аст, аммо худ ҳам каме саратро кор фармо.
Дар зиндагӣ одамонро вохӯрдаам, ки ташна лаби об бурда, ташна овардаанд маро. Бар замми ҳамаи ин ба ҳолам хандидаанд. Худоё худ чаро ҷазои ин тоифаро намедиҳӣ?
Эй ғамзада, бечора, натавон ҳаргиз аз ҳамсаронат раҳму шафқатро умедвор машав.
Меҳнат бикун лек эҳтиромона. Меҳнат бикун, аммо саломатиатро ҳифз намо, ки як бор саломатӣ дода мешавад.
Ба дарде гирифторӣ? Кӯшиш намо, ки касе дардатро намешунавад. Вагарна масхараат мекунанд. Одамизод феъле доранд, ки онро бо забон гуфтаву бо қалам навишта намешавад. Масалан:
- Одамон табиатан бахилу ҳасуданд. На худ аз уҳдаи кор мебароянд ва на дигаронро имкони кор кардан медиҳанд, мисол меорем. Диданд, ки соҳиби муваффақият шудӣ зоҳиран гӯё хурсанданд. Дар асл бошад тамоми вуҷудашон аз бахиливу кина месӯзад. Чаро? Ин як муаммост.
Ҳариз ба мардум на ғам не на шодӣ умуман чизсотро нишон мадеҳ. Ин ҳолотест, ки инсоният ҳамеша бурд мекунад. Инсоният дар оянда психологе тавонад, ин паҳлӯи муаммоноки инсониро кашф намояд.
Чун мебинӣ, ки корад омад намехӯрад аз паси кор машав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё