Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Табақ, қошуқ, қафлес аз дарахт пусиданд ва масхарааш намуданд. Дарахт онҳоро офарид, аммо кӯрнамакӣ дид.
Шогирдони кӯрнамак зиёд мешаванд. Кам шогирде баъди хатм миннатдории устодашро карда бошад.
Доимо
Муваққатан
Муваққатан ба ҳалли доимӣ туф намуда, доиман дод. Вақт ин ҳамаро дида хомӯш буд. Ин хомӯшӣ огоҳии даҳшатнок дорад. Реша бо шоҳаҳо баҳс намуд:
- Агар ман набошам, шумо нестед!
Шоҳаҳо баъди хомӯшии миннатдоронае ҷавоб гардонданд: - Наход модар ба дунё овардани фарзандонро миннат намояд.
Вазифаи зан доду фиғон, аз мард табассуму хомӯшӣ. Ин аст ҳаёти оиладорӣ.
Бузургон чун тифлон поканд. ба дунё кӯдакона менигаранд. Бузургонро аксари вақтҳо маккорони давр нобудашон мегардонанд. Соддагии онҳо боиси маргашон мегардад.
Занбӯру пашшаҳо ҳамеша аз назди гулҳо таъзимкунон мегузаранд. Зеро гулҳо ҳастанд, ки онҳо серанд. Зинда бод гулҳо.
Ҳақиқати бузург бо ҳақиқати хурд баҳс намуданд. Ҳақиқати хурд баромад мекарду ҳақиқати калон сар мечунбонид ва хомӯш буд. Чаро чунин муносибат мекард? Худ биандешед.
Дидӣ, ки фаромӯшат карданд, дигар нашав. Бародарон ба қадрат нарасиданд, ояндагон ба қадрат хоҳанд расид.
Эй инсон! Агар ваъда додӣ, иҷро намо. Охир ту шоҳи ҳайвонотӣ, на ҳайвон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё