Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин лаҳза андеша ба сарам омад, ки агар онро рӯи қоғаз наорам мумкин худро набахшам.

Агар ҳазор бою сарватманд бошӣ ву касе дӯстат надораду ҳурматат накунад, бадбахттарин инсон ҳастӣ. Ин андеша ба сарам омад ва онро ҳам барои худ ва ҳам барои хонандаҳо навиштам. Шояд ғалат намоям, аммо дурӯғ нест.

Ҳар сареро савдое гуфтаанд.

Соям гӯё масхараам мекарда бошад, ки гоҳе аз пеш, гоҳи дигар аз қафо пайдо мешавад.

Боре рафтори соямро пурсидам ва бо писханд ҷавоб дод:

  • Ту кӣ ҳастӣ? Бандаи хокии беш нестӣ?
  • Бо ин гуфтаҳо чӣ гуфтан мехоҳӣ?
  • То замоне ҳастӣ ба мисли ман ғам мезанӣ.
    Чун фано шудӣ, на ту мемониву на ман соят.

Офтоб дар чӣ хаёл аст?

Коинот дар чӣ хаёл аст?

Осмон охир дорад ё не?

Ҳеҷ кас гир гуфта намедиҳад. Табиат ҳам чунин аст. Танҳо бо заҳмат ва меҳнати ҳалоли худ шабҳои пуразуру бехобӣ метавонӣ ба қисми орзуҳоят бирасӣ. Дар байни роҳ боз баҳонае пайдо мешавад, ки хотири заҳр дода нобудат мекунад.

Ҳама кори дунё поён дорад ва ғамро фаромӯш макун. Ошиқ шудӣ? Рӯзе ошиқӣ ҳам поён меёбад.

Санг----- бо товус рӯ ба рӯ шуд. Товус бо виқор хост пушташро нишон диҳад. Азбаски забони якдигарро намедонистаанд, салом надода аз ҳам ҷудо шуданд.

Аксари вақтҳо замон ғолиб меояд.

Содагап ҳамеша зарбаи зиндагиро мехӯрад.

Чаро зиндагӣ чунин аст, худ намедонам.

пешина
аз 213
навбатӣ