Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Инсон аз ҳайвон бо чӣ фарқ мекунад? Инсон дашном дода метавонад, аммо ҳайвон фаросати дашном доданро надорад.
Афсӯс сад афсӯс, ки ту моро ва ман туро намефаҳмам
Агар ақлу тамиз ва хирад дошта бошӣ бузург мешавӣ.
Ҷисми тавонои бе мавзӯи майна бошӣ, ҳисоб намо, ки аз ҳайвонони даррандаи ҷангал камӣ надорӣ
Меҳнат бикун ва бо обилаи дастонат луқмаатро биёб.
Ҳеҷ вақт кӯшиш накун, ки луқмаи бечораро бо фиреб, найранг ва зӯрӣ аз даҳонаш бихонӣ. Чунин кардӣ, Худо зуд ҷазоятро медиҳад.
Ошиқоне, ки аз сӯи ишқ хабар надоштанд гӯё аз дунё бехабар рафтанд.
Гумон макун, ки дунё аз рақибон холист. Ҳамеша дар ёди онҳо бош ва фаромӯш макун.
Чунин мебинӣ, ки бандаи нохалаф ба хубиҳоят бадӣ ҷавоб медиҳад ғамгин машав. Баръакс кӯшиш намо, ки дигар бо чунинҳо рӯ ба рӯ нашавӣ.
Тамоми умр як насиҳати бузургон маро гаранг кардааст. Қариб ҳамаи бузургон гуфтаанд, ки хоксор бошем. Шояд ин панд дар асрҳои пешин лозим буд, лек афсӯс дар охирҳои асри XX ва аввалҳои асри XXI қадри худро гум кардааст. Хоксорӣ кардӣ зери пояд мекунанд шахсан ман аз хоксорӣ қисми дуюми умрамро бохтам.
Моҳ рӯзона ва Офтоб шабона равшанӣ мекунад? Кӣ метавонад гуфта, ки чӣ маъное дорад?
Ба мулки бегона сафар мекунӣ баробари дидани шаҳру сокинонаш хулосаи аниқ мабарор. Шояд хато кунӣ дар интихоби шаҳру одамон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё