Зеҳн
Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа

ҶомеаАдабиёт
Аз аввал хондан

маҷбур оварда буданд. Камбағал аз тарси он ки ӯро қатл мекунад меларзид.

Мард қоил мешавад, ки дар ҳақиқат чунин одат дорад ва ҳар рӯз нонеро хайр карда ба дарё меандозад. Дар рӯи нони хайркарда номашро сабт мекунад ва ин одат аз айёми ҷавониаш идома медиҳад.

Барои хайрхоҳ кардааш шоҳзода ба камбағал зару зевари зиёде медиҳад.

Ҷумлаи аҷиб.

Касе гуфт, ки мағзи сар бояд дар даруни косахонаи сар бошад. Ҳазлчие гуфт; - Гоҳе ҷояшро иваз кардан лозим аст. Инро санҷидан лозим аст.

Одамон гуногунанд. Яке хуб, дигаре на он қадар хуб.

Нафаре шикоят аз зиндагӣ кард, аммо ҳамроҳаш чизе ҷавоб намедод. Чаро ӯ ба дарду нолишҳои ҳамроҳаш чизе нагуфт. Нафаре, ки дар канорам менишаст аз беэътимолии ин аламаш омад ва сабабашро пурсид.

Ӯ ҳоло ҳам хомӯш буд. Чизе нагуфта брюкашро каме боло кард. Ҳардуи пойи марди хомӯш чӯбин буданд.

Хонандаи азиз худ биандешед, ки ин хомӯшӣ ва нишон додани пойи чӯбин ва кашидани марди дигар чӣ маъние дорад.

Мансабдоре рӯи курсии мансаб давр меронд. Ӯ хабар надошт, ки рӯзе аз мансаб меравад. Ин аст тақозои замон.

Худро мегӯям то бидонам, ки кистам?. Аз куҷоям? Куҷо равонаам? Донаи коридаам гандум буд ё ҷав? Ҷавоб ба суоли наёфта савол пурсон шудам. Ӯ ҳам худро меҷӯстааст.

Агар номарде дашноm, шаллоқам занад намеранҷам, аммо агар шахси бообрӯ ҳайфи ту гӯяд меранҷам.

Агар бомам начакад ва нонро ба серӣ хӯрам барои ман дигар чизе лозим нест.

Мансабдори шаҳреро дуо доданд, ки ба мансабҳои болотар бирасад.

  • Барои ман як шеърам аз ҳазор мансаб болотар аст.
пешина
аз 213
навбатӣ