Виҷдон (Ҷилди 489)

Китоби мазкур асари Ҳошим Гадо буда, ба мавзӯъҳои ахлоқӣ, тарбиявӣ ва мулоҳизаҳои фалсафӣ дар бораи виҷдони инсонӣ бахшида шудааст. Муаллиф бо истифода аз таҷрибаи бойи эҷодӣ ва ҳаётӣ андешаҳои худро перомуни масъалаҳои муҳими ҷомеа баён мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 сентябри 2026 · 213 саҳифа
Одамеро хулосаашро дар бораи зиндонӣ шунидан хостам ва ӯ дар ҷавоб каме андеша карда гуфт.
- Ман аз ин ҷо нестам. Лек бидонед, ки дарё ба як пайса намерезад. Дунёи фонии бевафоро рӯҳон кайҳо тарк кардам.
Шахси сеюмро, ки маро ба диққат гӯш мекард ақидаашро пурсидам.
- Аввал ман бояд рафта китоби «Я»-ро бихонам, аммо баъд ҷавобатонро медиҳам. Ман рафта 8 ҷилд китобҳои Ҳошим Гадоро мехонам ва ба ин суолҳо ҷавоб меёбам.
Аз оқиле пурсидам, ки ишқ аст? Гар дили шерона надорӣ ба майдони ишқ надаро.
Аз савдогаре пурсидам, ки ишқ вуҷуд дорад?
- Оре.
Пешхизматеро аз вуҷуд доштани ишқ пурсон шудам.
- Аз куҷо ишқ? Ин ҳама афсона аст.
Холмурод ишқро дар пул, пул, пул мебинад.
Ҷабрдидаеро, ки як умр занҳо азобаш додаанд нисбати занҳо чунин ақида дорад.
- Ба фикри ман тамоми ҷонварони дунёро ром кардан мумкин аст, вале зани ҷанҷоливу гапнодароро ром карда намешавад.
Дигаре чунин илова намуд.
- Зане нест, ки ба марди ҳақиқӣ итоат накунад.
Саввумӣ бо сӯҳбат ҳамроҳ шуд.
- Солҳои пеш занҳоро идора кардан осон буд. Дар солҳои пеш оинаи нилгун, маҷалла, рӯзнома набуд ва занҳо шарму ҳаёашон бисёр буд. Занҳо баъдтар фаранҷиҳошонро партофтандду рӯйҳошонро луч карданд, акнун синаҳо қариб намоён, миёнҳо луч пасҳо чунин таранг, ки шимми мардона чунин танг нест. Ин тоифа на ба гапи падар гӯш медиҳанд ва на ба гапи модар. Ба фикри ман ин насл ояндаи хароб дорад.
Зане ин ҳамаро аз мизи дигар гӯш мекардааст, ки бо зарба овоз баланд кард.
- Номаъқул кардед, ин аср асри занҳост ва ояндаи ҳукумонии кураи замин бо дасти занҳо аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё